Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикояти табибон аз навбатдории маҷбурӣ дар маркази тозатаъсиси зидди коронавирус


Бемористони ноҳияи Қува
Бемористони ноҳияи Қува

Табибони ноҳияи Қуваи вилояти Фарғонаи Узбекистон шикоят доранд, ки онҳоро маҷбур мекунанд, дар маркази навташкили COVID дар деҳаи "Бегат" навбатдор истанд.

Ба қавли табибон, сардухтури ноҳияи Қува таҳдид кардааст, ки ҳар табибе навбатдор намеистад, аз ҷойи кораш маҳрум хоҳад шуд. Табибон мегӯянд, ба хотири набудани шароит ва норасоии лавозимоти муҳофизатии тиббӣ намехоҳанд дар марказ навбатдор истанд.

Бемористони рақами 2-и деҳаи "Бегат"-и Қуваро як ҳафта пеш ба маркази қабули мубталоёни коронавирус табдил доданд. Дар ҳоли ҳозир ба навбатдорӣ дар бемористони мазкур табибон аз минтақаҳои гуногуни Қува ҷалб карда мешаванд.

"Сардухтури ноҳия маҷбур мекунад, ки ҳар як табиб моҳе чаҳор рӯз дар он бемористон навбатдор биистад. Моро огаҳ карданд, ки дар сурати саркашӣ аз кор ронда хоҳед шуд. Бинобар ин, ҳамаи табибон ба хотири кори худро аз даст надодан ба навбатдорӣ дар беморхона розӣ мешаванд", - изҳор дошт яке аз табибон.

Бино ба гуфтаи кормандони беморхонаи "Бегат, дар ҳоли ҳозир дар онҷо 37 нафари мубтало ба коронавирус табобат мегиранд, ки 4 касашон дар шуъбаи эҳёгарӣ қарор доранд. 20-уми сентябр як бемор бар асари "илтиҳоби шуши дутарафа" ҷон додааст.

XS
SM
MD
LG