Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Чин: воксинаи зидди Covid-19 аллакай моҳи ноябр омода мешавад


Чин, як корманди озмоишгоҳи тиббӣ
Чин, як корманди озмоишгоҳи тиббӣ

Мақомот дар Чин гуфтанд, ки воксинаҳои зидди коронавирус, ки дар ин кишвар таҳия мешаванд, дар моҳи ноябр барои истифодаи мардум омода хоҳанд шуд. Маркази назорат ва пешгирӣ аз бемориҳои Чин гуфт, ки айни замон дар озмоишгоҳҳои маҳаллӣ санҷиши чор воксина ҷараён дорад ва ҳадди аққал сетоаш аллакай мавриди истифодаи коргароне шудааст, ки дар бахши ҳолатҳои изтирорӣ кор мекунанд. Гуйжен Ву, мутахассиси биосфера дар Маркази пешгирӣ аз бемориҳои Чин дар мусоҳибааш бо ТВ давлатӣ гуфтааст, ки даври сеюми озмоиши воксинаҳо ба таври муназзам пеш меравад ва имкон дорад, ки моҳҳои ноябру декабр барои истифодаи оммавӣ омода шаванд. Ву гуфт, ки худи ӯ моҳи апрел як воксинаи санҷиширо истеъмол кард ва аз он замон то кунун эҳсос намекунад, ки мушкиле дошта бошад. Се воксина таҳти як барномаи давлатии ҳолатҳои изтирорӣ таҳия шуда, як воксинаи дигарро барои истифода дар бахши низомӣ таҳия мекунанд.

Таҳиякунандагони воксинаҳои зидди коронавирус, ки то ҳол дар саросари ҷаҳон 925 ҳазор нафарро куштааст, бошитоб ва дар ҳолати рақобати шадид бо ҳам талош доранд, ки аввал шуда давои зидди ин вируси навро таҳия кунанд.

XS
SM
MD
LG