Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лукашенко бо Путин мулоқоти рӯбарӯ барпо мекунанд


Ноябри соли 2017, Минск, ҷаласаи Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ
Ноябри соли 2017, Минск, ҷаласаи Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ

Рӯзи 14-уми сентябр қарор аст президенти Беларус Александр Лукашенко бо раҳбари Русия Владимир Путин мулоқоти рӯбарӯ барпо кунад. Ин нахустин мулоқоти ду раҳбар дар паи эътирозҳои сартосарии мардумӣ дар Беларус баъди интихоботи президентии рӯзи 9-уми август мебошад. Мулоқоти Лукашенко бо шахсе, ки ӯро “бародари калонӣ” меномад, дар соҳилҳои баҳри Сиёҳи Сочии Русия баргузор мешавад.

Лукашенко аз соли 1994 ба ин сӯ дар сари қудрат аст ва дар интихоботи ахир ҳам ӯро баранда эълон карданд. Натиҷаҳои интихобот боиси эътирози амиқи мардум шуд ва ҳабсу саркӯбҳои шадиди мақомот маҳкумияти ИМА ва Иттиҳоди Аврупоро ба бор овард. Мулоқоти Путину Лукашенко дар ҳоле баргузор мешавад, ки рӯзи якшанбе, 13-уми сентябр ҳазорҳо сокини Беларус бо нидоҳои “Ту калламуш” ва “Саша, истеъфо” дар хиёбонҳои Минск раҳпаймоӣ карданд. Мақомот 400 нафарро боздошт карданд.

Мухолифони Беларус ба раҳбарии номзади интихоботии мағлубшуда Светлана Тихановская Лукашенкоро дар тақаллуби натиҷаҳои интихобот гунаҳкор мекунад. Комиссиюни интихоботҳо гуфт, ки дар овоздиҳӣ 80 дарсади мардум ба ҷонибдории Лукашенко овоз додаанд. То ҳол мақомот ҳазорҳо нафарро боздошт кардаанд ва раҳбарони мухолифон ё маҷбур шуданд тарки кишвар бикунанд ваё боздошт шуданд.

Сухангӯи Кремлин Дмитрий Песков рӯзи 11 сентябр гуфт, ки музокироти ду раҳбар сари масоили энерживу ҳамкориҳои дуҷониба тамаркуз хоҳад кард.

Эҳтимоли ин вуҷуд дорад, ки Лукашенко аз Маскав дархости ёрии иқтисодиву низомӣ бикунад. Инчунин ду раҳбар дар шурӯи машқҳои низомии “Бародарии славянӣ” иштирок кунанд, ки рӯзи 14-уми сентябр баргузор мешавад.


То ҳол Путин ва Лукашенко вазъи Беларусро тариқи телефон чандин бор баррасӣ кардаанд. Моҳи гузашта президенти Русия аз мақомот ва ҳам мухолифони Беларус хост, ки дар бӯҳрони баамаломада як роҳҳали муштараке пайдо бикунанд.

Инчунин бар асоси созиши низомии миёни ду кишвар Путин ба Лукашенко пешниҳоди кӯмаки низомӣ вам ирсоли контингенти нирӯҳои амниятӣ ба Беларусро пешниҳод карда гуфтааст, ки ин нирӯҳо танҳо дар сурати ба хоки Беларус ворид шудани тундравҳову даст ба ғоратгарӣ задани онҳо истифода мешаванд.

Ӯ аз вокуниши мақомоти Беларус ба эътирозҳо ситоиш кард ва дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии “Россия 24” рӯзи 27-уми август гуфт, ки бархӯрди Русия “эҳтиёткорона ва бетарафона назар ба кишварҳои дигари мисли Аврупову ИМА буд”.

Путин бо ишора ба умумиятҳои қавмиву забонӣ ва ҳамкориҳои иқтисодии Русия бо Беларус гуфт, ки Маскав ба он чи ки “дар он ҷо мегузарад, бетараф нест”.

Дар гузашта Путин Лукашенкоро ба ҳамгиронии наздиктар бо Русия даъват, вале Лукашенко ҳамеша ба ин чиз мухолифат кардааст. Аммо эҳтиёҷи имрӯзаи Лукашенко ба Маскав метавонад дидгоҳҳои ӯро ба ин даъватҳо тағйир бидиҳад.

XS
SM
MD
LG