Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ситоиши Трамп ва танқиди раҳбарони Фаластин аз созиши Баҳрайну Исроил


Баҳрайн барои одӣ кардани равобит бо Исроил ба созиш расидааст. Дар ин бора Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи 11-уми сентябр хабар дод.

Трамп дар Твиттер дастёбӣ ба ин тавофуқро “комёбии таърихӣ” номид, вале идораи худгардони Фаластин ва гурӯҳи Ҳамос “таҷовуз ба зидди фаластиниён” хондаанд.

Президент Трамп баёнияи муштараки Амрико ва Исроилу Баҳрайнро дар мавриди одӣ сохтани равобити ду кишвар дар Твиттер нашр кард. Ӯ гуфт, нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу ва шоҳи Баҳрайн Ҳамд бин Исо Оли Халифа рӯзи ҷумъа гуфтугӯ карда, ба тавофуқи сулҳ расидаанд.

Дар баёнияи муштарак омадааст, ҷонибҳо ба талошҳои худ барои ҳалли муноқишаи Исроилу Фаластин ба таври одилона, густарда ва мондагор идома хоҳанд дод.

Моҳи гузашта Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бо Исроил ба як тавофуқ расид ва пас аз он Мисру Урдун ҳам эълом карданд, ки бо бознигарии сиёсатҳои худ равобитро бо Исроил одӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG