Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарзи хориҷии Узбекистон ба 30 дарсади ММД (ВВП) расид


Вазорати молияи Узбекистон дар бораи вазъи қарзи хориҷии кишвар дар нимаи аввали соли 2020 рӯзи 10-уми сентябр гузориш нашр кард.

Ба иттилои ин ниҳод, Узбекистон то рӯзи 1-уми июли имсол аз ниҳодҳои зер қарз гирифтааст:

Бонки осиёии рушд - 3,9 миллиард доллар;
Бонки ҷаҳонӣ - 3 миллиард доллар;
Эксимбонки Чин - 2 миллиард доллар;
Оҷонсии байналхалқии ҳамкории Ҷопон - 1,7 миллиард доллар;
Бонки давлатии рушди Чин - 1,3 миллиард доллар;
Сармоягузорони байналхалқӣ - 1 миллиард доллар;
Бонки исломии рушд - 0,8 миллиард доллар;
Бонки ҳамкориҳои байналхалқии Ҷопон - 0,4 миллиард доллар;
Ниҳодҳои дигари байналхалқии молӣ - 3,2 миллиард доллар.

Бино бар вазъи 1-уми июли соли ҷорӣ маҷмуи қарзи хориҷии Узбекистон 19,4 млрд доллари ИМА ё 34 дарсади Маҷмуи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил додааст.

Дар нимаи аввали соли ҷорӣ қарзи хориҷии Узбекистон 1,6 млрд доллар ё 10,5% афзудааст.

Қарзи дохилии Узбекистон 6,2 фоиз афзуда, ба 2,1 миллиард доллар расидааст.

XS
SM
MD
LG