Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳинду Чин ба хатми таниши марзӣ розӣ шуданд


Мулоқоти вазирони хориҷаи Чину Ҳинд дар Маскав бо даъвати Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия баргузор шуд
Мулоқоти вазирони хориҷаи Чину Ҳинд дар Маскав бо даъвати Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия баргузор шуд

Ҳинду Чин ба мувофиқа расиданд, ки аз минтақаи баҳсии марзӣ нирӯҳояшонро ақиб мекашанд, чун тирандозии ахир боиси эҷоди таниш дар равобити миёни ду ҳамсояи дорои силоҳи ҳастаӣ шуд. Ин созиш рӯзи 11-уми сентябр дар Маскав дар паи мулоқоти вазирони хориҷаи Ҳинду Чин ҳосил шуд. Дар изҳороти вазирони хориҷаи Ҳинду Чин Субраҳмониён Ҷайшанкар ва Ван И гуфта шудааст, ки “ҳодисаи ахири марзӣ ба манфиати ҳеҷ як ҷониб нест. Мувофиқа ҳосил шуд, ки нирӯҳои марзбонӣ аз ҳарду ҷониб бояд муколамаро идома диҳанд, ба таври сареъ ҷудо шаванд, фосилаи муайянро нигоҳ доранд ва танишро поин оваранд”. Вазорати хориҷаи Чин гуфт, ки Пекин бо Ҳинд аз роҳҳои дипломативу низомӣ дар муколама мешавад ва дар минтақаи баҳсии марзӣ “сулҳу оромиш” барқарор мешавад. Дар паи ҳодисаҳои ахири марзӣ рӯзи 8-уми сентябр ду кишвари ҳамсоя ҳамдигарро дар убури ғайриқонунии марз гунаҳгор карда оташи ҳушдордиҳанда кушоданд.

XS
SM
MD
LG