Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медалҳои гӯштигирони тоҷик дар Тошканд зиёдтар шуд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар ду рӯзи мусобиқаи қаҳрамонии самбои Осиё, ки дар пойтахти Узбакистон – шаҳри Тошканд – ҷараён дорад, варзишгарони тоҷик 20 медал (5 тилло, 4 нуқра ва 11 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Дар ин бора Маҳмуд Абдуллоев, ноиби аввали президенти Иттиҳоди самбои Осиё ва раиси кумисюни доварони қора, рӯзи 2-юми июл ба Радиои Озодӣ аз шаҳри Тошканд хабар дод. Вай гуфт, ки дар рӯзи дувуми мусобиқа гуштигирони тоҷик 9 медал (ду тилло ва ҳафт биринҷӣ) гирифтанд.

Дар рақобатҳо оид ба самбои варзишӣ байни мардон Акмалиддин Каримов дар вазни 57 кило ва Мубориз Мунавваров дар вазни 74 кило ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфта, бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд.

Шаш нафар – Давлатшоҳ Давлатов дар вазни 56 кило миёни наврасон, Субҳиддин Шамсиддинов дар вазни 70 кило, Вайсиддин Соибов дар вазни 87 кило миёни наврасон, Саидҷони Ҳайдар дар вазни 68 кило байни навҷавонон, Азиза Азизова дар вазни 80 кило миёни занон, Шамшод Абдуллоев дар вазни 100 кило байни мардон - барои ҷойҳои севум ба гирифтани медалҳои биринҷӣ ноил шуданд.

Инчунин Фирдавс Фозилбеков дар мусобиқаи самбои размӣ дар вазни 82 кило соҳиби мадали биринҷӣ гардид.

Ёдовар мешавем, дар рӯзи аввали мусобиқаи қаҳрамонии самбои Осиё, ки 30-юми июн дар Тошканд доир шуд, варзишгарони тоҷик 11 медал (3 тилло, 4 нуқра ва 4 биринҷӣ) ба даст оварда буданд.

Дар рақобатҳо оид ба самбои варзишӣ Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни 68 кило байни мардон бо медали тилло сарфароз гашт. Инчунин, Сомон Сангов дар вазни 52 кило ва Ҷаҳонгир Авазов дар вазни 65 кило миёни наврасон бо медалҳои тилло мукофотонида шуданд.

Се нафар – Умед Ҳасанбеков дар вазни 90 кило миёни мардон, Абдумаҷид Нуралиев дар вазни 81 кило байни наврасон ва Абдулҳамид Муҳибов дар вазни беш аз 100 кило байни навҷавонон – барои ҷойҳои дувум ба гирифтани медалҳои нуқра мушарраф гардиданд.

Медали чаҳоруми нуқраро ба мунтахаби Тоҷикистон Табрезшо Парпишоев дар мусобиқаи самбои размӣ дар вазни 74 кило овард.

Чаҳор медали биринҷӣ дар сабқати самбои варзишӣ насиби Ҷомии Ҳасан дар вазни 52 кило миёни мардон, Аминҷон Холов дар вазни 48 кило, Умедҷон Муҳиддинов дар вазни 62 кило ва Меҳрнӯши Иззатшо дар вазни 82 кило миёни навҷавонон гардид.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба самбои варзишӣ ва самбои размӣ миёни наврасону навҷавонон, мардону занон дар Тошканд, ки имрӯз, 2-юми июл, ба поён мерасад, беш аз 350 варзишгари наздики 20 кишвар иштирок доранд.

XS
SM
MD
LG