Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се медали тиллои гуштигирони тоҷик дар рӯзи аввали мусобиқа дар Тошканд


Акс аз бойгонӣ. Мусобиқаи қаҳрамонии самбои Осиё дар Қазоқистон. Моҳи декабри соли 2015
Акс аз бойгонӣ. Мусобиқаи қаҳрамонии самбои Осиё дар Қазоқистон. Моҳи декабри соли 2015

Дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои Осиё, ки рӯзи 30-юми июн дар пойтахти Узбакистон – шаҳри Тошканд – шуруъ шуд, варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали рақобатҳо 11 медал (се тилло, чаҳор нуқра ва чаҳор биринҷӣ) ба даст оварданд.

Маҳмуд Абдуллоев, ноиби аввали президенти Иттиҳоди самбои Осиё ва раиси кумисюни доварони қора, рӯзи 1-уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба самбои варзишӣ ва самбои размӣ миёни наврасону навҷавонон, мардону занон дар Тошканд беш аз 350 варзишгари наздики 20 кишвар иштирок доранд.

Ӯ гуфт, дар рӯзи аввали мусобиқа дар рақобатҳо оид ба самбои варзишӣ Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни 68 кило байни мардон ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфта, бо медали тилло сарфароз гашт. Инчунин, Сомон Сангов дар вазни 52 кило ва Ҷаҳонгир Авазов дар вазни 65 кило миёни наврасон бо медалҳои тилло мукофотонида шуданд.

Маҳмуд Абдуллоев
Маҳмуд Абдуллоев

Се нафар – Умед Ҳасанбеков дар вазни 90 кило миёни мардон, Абдумаҷид Нуралиев дар вазни 81 кило миёни наврасон ва Абдулҳамид Муҳибов дар вазни беш аз 100 кило байни навҷавонон – барои ҷойҳои дувум ба гирифтани медали нуқра мушарраф гардиданд.

Медали чаҳоруми нуқраро ба мунтахаби Тоҷикистон Табрезшо Парпишоев дар мусобиқаи самбои размӣ дар вазни 74 кило овард.

Чаҳор медали биринҷӣ дар сабқати самбои варзишӣ насиби Ҷомии Ҳасан дар вазни 52 кило миёни мардон, Аминҷон Холов дар вазни 48 кило, Умедҷон Муҳиддинов дар вазни 62 кило ва Меҳрнӯши Иззатшо дар вазни 82 кило миёни навҷавонон гардид.

Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар Тошканд рӯзи 2-юми июл ба поён мерасад.

Бояд гуфт, рӯзи 29-уми июн пеш аз оғози мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар Тошканд кунгураи Иттиҳоди самбои Осиё (ИСО) барпо гардид. Масъалаи асосӣ интихоби президенти ин созмони қитъавӣ буд. Намояндаи Узбакистон Аламҷон Муллоев дубора ба вазифаи президенти ИСО интихоб шуд. Мутахассиси тоҷик Маҳмуд Абдуллоев аз нав ноиби аввали президенти ИСО интихоб гардид.

Инчунин дар ин кунгура Созмони самбои Ҳонконг ва Федератсияи самбои Бангладеш ба узвияти Иттиҳоди самбои Осиё пазируфта шуданд.

XS
SM
MD
LG