Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як моҳ баъди таркишҳои харобкор дар бандари Бейрут сӯхтор сар зад


Сӯхтор дар Бейрут
Сӯхтор дар Бейрут

Як моҳ баъди он ки дар таркишҳои мудҳиши пойтахти Лубнон 190 нафар кушта шуд, дар як бандари шаҳри Бейрут сӯхтори азиме сар зад. Сӯхтор рӯзи 10-уми сентябр дар минтақаи фурӯши маҳсулоти аз андоз озод рух дод. Барои хомӯш кардани сӯхтор хадамоти оташнишониву низомиён ва чархболҳо ҷалб шуданд. То шаб сӯхтор хомӯш карда шуд. Сабаби сар задани оташ гуфта намешавад. Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх гуфт, ки ин ҳодиса ба фаъолияти онҳо таъсиргузор шуд, чун сӯхтор ба амборҳои ғизои онҳо асар кард. Дар таркиши моҳе пеш, ки дар амбори нигаҳдории нитрати аммоний рух дод, ба иловаи хисороти азими сохторҳову биноҳо ва марги инсонҳо, 300 ҳазор нафар аз хонаву дар маҳрум шуданд.

XS
SM
MD
LG