Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Беларус ба кӯмак ниёз дорад". Як узви мухолифин аз ИА ёрӣ хост


Павел Латушко пеш аз пайвастан ба мухолифон як узви баландпояи ҳукумати Беларус буд
Павел Латушко пеш аз пайвастан ба мухолифон як узви баландпояи ҳукумати Беларус буд

Як раҳбари мухолифони Беларус аз Иттиҳоди Аврупо хост, ки ваъдаашро дар заминаи пуштибонӣ аз демократия дар ин кишвар иҷро ва эълон кунад, ки ҳукумати Александр Лукашенкоро дигар ба расмият намешиносад. Павел Латушко, собиқ вазири фарҳанг ва ҳоло як узви муҳими мухолифини Беларус дар Шӯрои ҳамоҳангсоз рӯзи 10-уми сентябр бо вазири хориҷаи Чехия Томаш Петршик дидору гуфтугӯ кард. Латушко дар мусоҳиба бо бахши Беларусии Радиои Озодӣ дар шаҳри Прага гуфт, аз марзи кишвар савори мошини дипломатӣ гузашт ва дар мулоқоти вазорати хориҷаи Чехия як эъломияи Иттиҳоди Аврупоро муҳокима кард. Дар сӯҳбат бо ТВ “Настоящее время» Латушко гуфт:

«Айни замон ман танҳо як ормон дорам, ки шароите барои барқарор шудани қонун эҷод шавад. То ки ин қонунҳо имкон бидиҳанд, ки дар интихоботи демокративу боз президенте баранда шавад, ки амалан аз ҷониби мардум пуштибонӣ ёфтааст, парлумон интихоб шавад, на ин ки аз ҷониби Лукашенко таъин шавад”.

Латушко собиқ сафири Беларус ва ҳоло як узви президиуми Шӯрои ҳамоҳангсоз аст. Вазифаи ин шӯро мусоидат дар ҳалли сулҳомези бӯҳрони сиёсии Беларус аст, ки баъди интихоботи президентии рӯзи 9-уми август ва баҳсҳо дар заминаи тақаллуби натиҷаҳои интихобот ба вуҷуд омад ва дар он президент Александр Лукашенко баранда эълон шуд. Мухолифон бо ин натиҷаҳо розӣ нестанд. Шӯрои ҳамоҳангсоз мехоҳад, ки Иттиҳоди Аврупо баъди 5-уми ноябр Лукашенкоро ба ҳайси президенти Беларус эътироф накунад. Латушко гуфт, ки Полшаву Литва аллакай аз қатъномаи Шӯрои ҳамоҳангсоз ҳимоят кардаанд ва гуфт, ба ин андеша аст, ки Ҷумҳурии Чех ҳам омода аст, ки аз он пуштибонӣ кунад.

XS
SM
MD
LG