Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи шанбе музокироти сулҳи Толибон ва ҳукумати Афғонистон шурӯъ мешавад


Аъзои Толибон барои ширкат дар ҷаласа ҷамъ мешаванд
Аъзои Толибон барои ширкат дар ҷаласа ҷамъ мешаванд

Қарор аст дар Қатар рӯзи 12-уми сентябр музокироти деринтизори миёни Толибон ва ҳукумати Афғонистон баргузор шавад. Котиби давлатии ИМА Майк Помпео аз хабари шурӯи муколамаи байни афғонҳо истиқбол ва ҷонибҳоро даъват кард, ки “ин шонси таърихии хатми чор даҳсола ҷангро аз даст надиҳанд”. Чанде баъди ин президенти ИМА Доналд Трамп ба хабарнигорон гуфт, ки Помпео ба Давҳа рафта дар шурӯи музокирот иштирок мекунад. Фавзия Куфӣ, як узви тими музокиротии ҳукумати Афғонистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо рӯзи 11-уми сентябр ба Давҳа сафар мекунанд, чун маросими ифтитоҳи музокираҳо рӯзи баъдаш мебошад. Толибон бо нашри изҳороте гуфтанд, ки барои ширкат дар ин маросим омода ҳастанд. Вазорати хориҷаи Қатар бо нашри изҳороте музокираҳоро “як қадами муҳим ба самти эҷоди сулҳи пойдор” номидааст. Муколамаи байни худи афғонҳо як бахши муҳими созиши сулҳи миёни ИМА ва Толибон аст, ки моҳи феврали имсол ҳосил шуд. Ин муколама бо сабаби таъхир дар анҷоми пурраи барномаи табодули зиндониҳо як моҳ ба таъхир уфтод.

XS
SM
MD
LG