Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди ҳукми иловагии зиндон ба Нозанин Зоғарӣ-Ратклифф


Нозанин Зоғарӣ-Ратклифф соли 2016 боздошт шуд ва аз он замон то кунун дар ҳабс мебошад
Нозанин Зоғарӣ-Ратклифф соли 2016 боздошт шуд ва аз он замон то кунун дар ҳабс мебошад

Телевизиони давлатии Эрон хабар дод, ки як корманди зиндонии созмони имдодрасон ва шаҳрванди Эрону Бритониё Нозанин Зоғарӣ-Ратклифф дар муқобили иттиҳомоти нав қарор дорад. Дар гузорише бо такя ба мақомоти беном гуфта шуд, ки Зоғарӣ-Ратклифф рӯзи 8-уми сентябр дар як додгоҳи инқилоби исломии Теҳрон огоҳонида шуд, ки ба ӯ иттиҳомоти нав таҳдид мекунад. Мавқеи худи Зоғарӣ ваё вакилаш маълум нест, вале ба иттилои дигар, мурофиаи нав бар асоси иттиҳоми иловагӣ рӯзи 13-уми сентябр баргузор хоҳад шуд. Ҳамсари ӯ Ричард Ратклифф рӯзи 9 сентябр дар сӯҳбат бо ТВ Sky News дар Лондон гуфт, ки зоҳиран мақомот дар фикри иловаи чанд соли дигар ҳастанд:

“Ин мисли бозии мушу гурба аст, ки дар муомилаҳои сиёсӣ ба кор меравад. Тавре шумо гуфтед, мо ба охири мӯҳлати зиндони ӯ наздик мешавем. Бояд дар оғози моҳи март ба анҷом расад. Ман дар ин замина дар ташвиш будам ва дар пушти дарҳои баста ба вазорати хориҷаи Бритониё гуфтаам, ки шумо ҳамин тавр нишаста интизор буда наметавонед. Агар мо ба охири мӯҳлат бирасему шумо ин қазияро ҳал накунед, ба Эрон нафаҳмонед, ки ин кор дуруст нест, ҳар лаҳза хатари он вуҷуд дорад, ки онҳо ин қазияро бозбинӣ бикунанд ва ҳоло мебинем, ки ҳамин тавр ҳам мекунанд”.

Мудири барномавии Бунёди Thomson Reuters Нозанин Зоғарӣ-Ратклифф апрели соли 2016 дар фурудгоҳи Теҳрон боздоштӣ шуд. Ӯ мехост ҳамроҳ бо духтараш баъди анҷоми як сафари хонаводагӣ ба Лондон баргардад. Ӯро дар ташкили сарнагунии қудрат гунаҳгор карданд, созмони Афви байнулмилал инро “як додгоҳи комилан ноодилона” номид. Моҳи март Нозанин Зоғарӣ-Ратклифф барои муваққат дар замони пандемияи коронавирус ба хонааш рафт ва баъд дубора ба зиндон баргашт.

XS
SM
MD
LG