Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тихановская: Эътирозҳо бояд сулҳомез баргузор шаванд


Светлана Тихановская дар Полша
Светлана Тихановская дар Полша

Раҳбари мухолифони Беларус аз эътирозгарон дар кишвар хост, ки бо вуҷуди афзоиши фишору боздошт ва одамрабоие, ки режими Минск барпо кардааст, “оромиву сулҳро” риоя кунанд. Светлана Тихановская бо чунин даъват дар баробари ширкатдорони мулоқоте сӯҳбат кард, ки рӯзи 9-уми сентябр дар Варшава, пойтахти Полша гирди ҳам омада буданд. Тихановская зимни суханронӣ дар донишгоҳи Варшава гуфт, эътирозҳо бояд сулҳомез баргузор шаванд ва ба гуфтааш, “ба хушунат набояд бо хушунат посух дод”. Александр Лукашенко, ки 26 соли охир дар сари қудрат аст, дар итихоботи рӯзи 9-уми август ҳам пирӯз эълон шуд, вале Тихановская ва тарафдоронаш ин натиҷаҳоро тақаллубшуда меноманд. Ӯ гуфт:

«Дар чашми мардум президент Лукашенко қонунӣ нест”

Суханронии Тихановская дар ҳоле буд, ки дар Минск дар бораи нопадидшавиву эҳтимоли боздошт шудани яке аз охирин раҳбарони мухолифин ва аъзои Шӯрои ҳамоҳангсоз Максим Знак хабар доданд. Рӯзи 9-уми сентябр инчунин падари яке аз аъзои ин шӯро Мария Колесникова гуфт, ки мақомот дар боздоштгоҳи Кумитаи тафтишот будани духтарашро тасдиқ карданд.

XS
SM
MD
LG