Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаҳои 13 сол пеш дар бораи истиқлолият


Тоҷикистон, Душанбе. Ҷашни Истиқлол, 9 сентябри соли 2016
Тоҷикистон, Душанбе. Ҷашни Истиқлол, 9 сентябри соли 2016

Номаҳои хонандагони сомонаи Радиои Озодӣ дар Рӯзи Истиқлолият, соли 2007. Дар 13 соли охир чӣ чизҳо дигар шудааст? Шумо дар ин рӯзи ид чӣ гуфтаниҳо доред, то ки дар оянда аз онҳо ёд карда шавад? Агар доред, дар шарҳҳо бинависед. Сипоси бепоён!

Салом Радиои Озоди!

Ман тоҷикистониям, аммо феълан муқими Амрико ва, албатта, кишварамро ҳамеша ба мардуми Амрико муаррифӣ мекунам ва ин як саҳми кӯчаки ман ба Ватан аст.

Хуб, истиклолият дар зарфи 16 сол ба мо, мардуми тоҷик, аз ҳама беҳтар сулҳро дод. Ҳой одамон, бубинед дар кишвар зери парчами сулҳу амонӣ умр ба сар мебарем, дар ҳоле ки дар дигар гӯшаи дунё ҷангу хунрезиҳост, магар ин неъмати бузургу сутурги Истиклолият нест? Андеша намоед!

Истиқлол ба Тоҷикистон имконияте дод, ки ин кишвар битавонад бо роҳи худ мустақилона пеш равад. Тоҷикистон истиқлол дорад, аммо мардумаш чи? Намедонам....
Фирдавс, ИМА.

***
Салом дӯстони азизу гиромӣ! Ман мехоҳам дар бораи истиқлолият чанд сухан бигӯям.

Агар хато накунам, бори аввал дар бораи истиқлоли иқтисодӣ ё давлатӣ вакили мардумӣ Тоҳири Абдуҷаббор дар Москва дар як маҷлиси калони ҳукуматии СССР-и онвақта гуфта буд. Ин соли 1990 ё 1991 буд. Баъд худораҳматӣ Қадриддин Аслонов ба эъломияи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон имзо гузошта, онро дар майдони Озодӣ дар назди ҳамаи ҷамъомадагон хонд.

Пурсида мешавад, ки чаро имрӯз ягон бор аз радиову телевизор ва рӯзномаҳои давлатию шахсӣ номи ин ду нафар, ки дар ба даст овардани ин неъмати пурбаҳо, яъне ИСТИҚЛОЛ, саҳми арзанда доранд, тамоман гирифта намешавад? Лекин номи Эмомалӣ Раҳмоновро, ки барои ба даст овардани истиқлоли Тоҷикистон асосан ягон кор накардааст, ҳар рӯз ба такрор дар радио ва телевизион гирифта мешавад. Гӯиё ки истиқлолро вай оварда бошад ба тоҷикон.

Дар зери эъломияи истиқлоли давлатии Тоҷикистон имзои Қадриддин Аслонов аст ва шумо инро фаромӯш накунед.

Бо эҳтиром ба ҳамаи шумо хонандаи доимии сайти Радиои Озодӣ Сайдалӣ.
***

Ассалому алайкум ба ҳамаи ҳамватанони азиз!

Фардо мардуми мо ҷашни истиқлолро пешвоз мегиранд, лекин на ҳама мардуми тоҷик, балки ҳамонаш дар ин ҷашн иштирок мекунад, ки зиндагиаш хуб ҳаст ва шароити хуб дорад. Дигараш дар ғарибиҳо азият кашида то ҳол намедонанд, ки истиқлолият чист.

Бечора мардуми тоҷики пароканда дар зери зулми русҳо карор доранд, азоб кашида меҷнат мекунанд, барои онки омада зиндагии худро ба қадри ҳол беҳтар кунанд. Аммо хукуматдорон бошанд неши худро дар бадани мардум мезананд ва хуни халқи бечораро мехӯранд.

Вақти пахтачинӣ сар шуд, рӯзи бади деҳконон ҳам оғоз шуд: деҳқон аз саҳар то бегоҳ азоб кашида, дар саҳро меҳнат мекунаду роҳаташро ҳукуматдорон мекунанд. Болои ин, дар телевизион фаҳат барномаҳои дурӯғ пешниҳоди мардум мекунанд – гӯиё мардуми деҳқон бо сару либос ва хӯрока таъмин ҳаст. Ин хок пошидан ба чашми мардум.

Деҳқони бечора ягон хонаи дуошёна насохтааст, мошинаҳои хориҷӣ савор нашудааст, фақат бо азобу машаққат зиндагӣ мекунад, аммо телевизион бошад фақат рекламаи Раҳмоновро ... Охир, то кай ба чашми мардум хок мепошед? Гӯиё ҳокимияти мо шабу рӯз барои беҳ кардани зиндагии мардум ҳаракат карда истодааст. Аммо зиндаги мардуми точик рӯз то рӯз бадтар шудаасту беҳтар не.

Раҳмонов қарзгириро тамом намекунад. Охир, инқадар пуле, ки Тоҷикистон қарз мегирад, агар барои беҳбуди халқ истифода баранд, зиндагии халқ хеле беҳтар мешавад. Аммо бачаҳои вазиру ҳукуматдоронро ба хориҷа ба хонданӣ, ки мефиристад, дар хориҷа ягон писари деҳқон намехонад, фақат писарони вазирону ҳукуматдорон таҳсил мекунанд.

Ҳусайн.
***

Салом, мардуми соҳибистиқлол!

Ман як шаҳрванди Афғонистон ҳастам ва дар Тоҷикистон таълим гирифтаам. Ман медонам, тоҷикон чи хел мардуми озодихоҳу озодфикр ҳастанд, барои ҳамин гуфтаниям, ки идатон муборак ва саратон сабз бошад. Ё дигар хел карда гуем, тинҷ бошед, ба тоҷикӣ.

Бачаҷон.
***

Дуруд ба хаммеханони гироми ва кормандони арчманди радиои Озоди!

Зимни табрикоти самими ва нектарин орзухо ба муносибати 16-умин солгарди Истиклолияти давлатии Точикистон, умедворам. ки ин рузи фархундаи миллат дар хар хонадони точику точикистони имруз шоистаю шукухманд тачлил мегардад.

Ба рости намехохам, ки ин навиштахо касеро озурда кунанд. Ин танхо хохишест, ки эхтироман ва аз лутфи зиёд ба хамватанони гироми пешниход мекунам, то як лахзае сари ин фикр, ки "ман худ барои хифзи истиклолияти сиёси, иктисоди, фарханги ва худшиносии миллатам чи коре ба анчом расонидам", андеша кунанд.
Бо эхтиром, Шакибо
***

Асалому алайкум, ҳамватанони азиз дар рӯзҳои наздик дар Тоҷикистони азизамон ҷашни истиқлолиятро ҷашн мегиранд.

Имсол мардуми тоҷик ин истиқлолиятро бо ғаму андӯҳи зиёд ҷашн мегиранд. Бадбахтии кор дар ин аст, ки ба исломи азизамон ҳукуматдорон зиён расонданд ва ба тамоми мусалмонон як захми нав бо табари худ заданд. Ин маҳкам кардани масоҷид мебошад. Боз бадбахтии дигараш ин ҳаст, ки духтарони тоҷикро... фишор меоранд, то ки ҳиҷоби исломии худро партоянд. Гӯё ҳиҷоб духтари тоҷикро ба монанди зоғи сиёҳ мекарда бошад, магар зебоии духтари тоҷик дар пӯшидани либоси аврупоӣ ҳаст, ки тамоми баданашро мардҳои бегона бинанд ва шаҳвонияти онҳоро зиёд кунанд?! Куҷо шуд номӯси мусалмонии мо мардуми тоҷик? Баъди чанд соли дигар шояд либоси миллии тоҷикдухтарон мини-юбка шавад ва дар ҷомеъаи мо фасодӣ авҷ гирад.

Шармандагист, ки имрӯз духтари тоҷик рафтори беҳаю беиффат дошта бошад ё ҷавононаш ба наркоманӣ даст мезананд, дигар чавони хуб ёфтан дар ҷомеъа мушкил шудааст. Инаш бас нест, ки боз масҷидвайронкуниву духтарони боҳиҷобро зулм кардан. Охир, баъди пош хӯрдани Ҳукумати Шӯравӣ дини ислом дар тамоми мамлакатҳое, ки дар таҳти фишори комунистон буданд, озод шуданд. Лекин сад афсӯс, ки то ҳол ин комунистони бадбахт дар Тоҷикистони мо таъсирашон вуҷуд дорад. Ва ин гурӯҳи гумроҳу бесаодат намехоҳанд, ки мардуми мусалмон озодона ба дини исломи азизамон амал кунанд. Ва ман дар охир аз Худованди бузург таманнои онро дорам, ки дар дили ҳукуматдорони мо адлу инсофро ҷорӣ гардонад, то ки ба мардуми мусалмон ин қадар зулм накунанд ва даст аз амалҳои бад боз монанд.

Бо эҳтиром Ҳусайн, як шаҳрванди Тоҷикистон.
***
Як фикр кунед, Оё пеш аз истиқлолият бо таҳорату ибодат машғул шуда метавонистед ё на. Ба ҳама ҷо мисли занбуруғҳои баъди борон масҷид насозеду, барои шумо динидориро ҳеҷ кас манъ накардааст. Намозро хонда ба ободии кишвар машғул шавед.
Баъдан ҳамаи кор қонуну низоми худро дорад. Бо мини-юбка мегардад ми кори ту чист? Шарманда бар он шахсест, ки дин надорад. ҳамон мини-юбкадор ҳам дин дораду аз шумо барин одамони диндорҳои радикали дар азоб асту ба кишвари худ рафт. Монед ки тараққӣ кунад. Нигаред ба давлатҳои мисли Дубайю Кувайт, Урдун онҳо кор мекунанд дар чустуҷу ва роҳҳои тиҷорати нафту газу. Аллакай алоқаи Тоҷикистон бо ин давлатҳо густариш ёфта истодааст. Шукр кунеду кор кунед.
Барои шумо озодӣ дода шуд ба кадом кунҷи дунё рафта кор кунед ба Русия, Амрико ва ё Автсралиё. Мисли баъзе давлатҳо шуморо барои ба кор рафтан ба дигар кишварҳо ҳеҷ кас пешгири намекунад. Равед ба Русия аммо дар гарданатон калла аст, ва қонунан равед.
***

Бале, ин истиклолият ба мардуми мо факат парокандаги ворид кард чи кадар мардуми Точик дар Русия гулом барин рафта кор мекунанд аммо бар зами ин имруз Хукумати Чумхури боз масочидхоро вайрону махкам карда истодааст боз мегуянд 97% мардуми точик мусалмон хаст. Магар инаст мусалмони масчидхоро вайрон куни магар ин аст демократия озоди духтарони бо хичобро аз донишгоххо пеш мекунанд гуё хичоб ба мардум зарар меорад магар духтари точик бояд таги мини юпка гардад ин шармандагист.

Факат зиндаги хукуматдорону лаганбардоронашон нагз хасту аз халк кашокона ин дуруг хаст ки точикистон ру ба пешрави меорад. Пешрави магар бастани масочиду вайрон кардани онхост ё ин ки духтарони бо хичобро аз дарсхо пеш мекунанд. Магар насли навраси моро факат дискоклубхо тарбия мекунанд то ними шаб бо чавонони бегона даст ба фиску фасоди мезананд.Ана озодию ана демократия.
***
Салом ба хамаи хамватанон!
Хазорон бор шукри Истиклоли Ватан мекунам. Шукри ТИНЧИ мекунам.
Лекин як чиз ба кавли мардуми махалли халкро чонсарак кардааст. Диккат дода бошед, понздах сол боз хамин ТВТ-и худамон факат як барномаро бо каме обуранг пешкаши мардум мекунад. Аз аввал то охир дар экран симои Рахмонов асту халос. Чаро барномае тайёр намекунанд, ки дар бораи халки оди, мардуми кухистон бошад, ки дар ин 15 сол чи дидаанд, зиндагиашон чи гуна шудааст....
Чизи дигар. Бас будагист хамон гапхои: мо Рудаки дорем Сино, Фирдавси, Руми дорем. Таъриxи чандхазорсолаю ким чизхо дорем. Хайр нагз, мо бояд фахр кунем, ки чунин бузургону таърихи кадима дорем. Лекин шарт нест дигар хар замон гуему фахр кунем. Бо гуфтану зикри зиёди онхо иктисодиёти Точикистон ва зиндагии мардум хуб намешавад.
Дар ин понздах сол ин кадар пуле, ки карз гирифтаем мо метавонистем 30-40 фоиз иктисодиётро бедор кунем.
Ба чои мехмонхонахои бохашамату дигару дигар заводу корхона месохтем. 15 сол боз 85 фоизи сокинони Душанбе оби лойу пур аз рег менушанд.
Суханронии бисёр ба ки лозим.. Хар лахза тагйиру илова ба конунхои Точикистон, иваз намудани вазифадорхо, кайд кардани хар гуна чашну маросимхо, Соли обу рузи фалак хамааш танхо барои хок пошидан ба чашми мардум аст, яъне мо КОР карда истодаем.......
Хуш бошед!
Як точикистонӣ
***

Салом ба кормандони Озодӣ!
Он шахсоне ки гуфтанд ба мо истиқлолият қашшоқӣ овард хато мекунанд! Ман ин ҷо дар бораи сиёсат гуфтани нестам. Ягон кишвари соҳибистиқлол баъд аз истиқлолиятро ба даст овардан ба Суперпаур мубаддал нашудааст. Нигаред бу худи Амрикову дигару дигараш. Истиклолият ин неъмати бебаҳост ва рӯзе меояд аз ин истиқлолият ҳама хоҳад фахр кард.

Истиқлолият ин яку якбора ба дасти мо наомадааст. Барои истиқлолият хунрезиҳо шуд, имрӯз мардуми тоҷик бояд фахр кунад, ки ӯро тамоми ҷаҳониён шинохтаанд. Бале мо имрӯз монанди дигарон дар сатҳи баланд зиндаги намекунем. Нигаред чи хел давлати ҳамсоя хунрези накарда имрӯз паи ба даст гирифтани Тоҷикистони азиз аст. Рӯзе мешавад дар назди пои тоҷик калаашро хам хоҳад кард.

Барои онҳое ки дар бораи дин навиштаанд гуфтаниам ки Худоро шукр гуед Рӯзи ҷумъа дар масҷиди калон таҳорату ибодат мекунед. Домулло шуда барои масҷидчаҳо пул ҷамъ карданро медонеду барои мактабу тозаю озода нигоҳ доштани маҳалли зист пул надоред. Вақти он расидааст мо на фақат дар бораи дин гап занем, чи хеле мегуянд. Аз ту ҳаракат, аз ман баракат (Ин ҳаракати Исломӣ нест ин ҳаракати як бурда нон ва зиндагии хуб)
Бо орзуи саломатӣ,
***

Салом арз мекунам хидмати кормандони радиои OZODI !
ИСТИКЛОЛИЯТ ба давлати Точикистон бисёр чизхо дод.. Дар солхои чанги шахрвандӣ хавфи нобудӣ Точикистонро тахдид мекард ва махз истиклолият Точикистонро аз ин вартаи халокат начот дод.
***

Албатта Точикистон метавонист дар ин муддат ба комёбихои беназире ноил гардад, вале ба хаминаш хам шукр бояд кард, зеро амнияти кишвар пойдор аст.
Агар чанобони "кастюмпуш" - и мо аз сидки дил ва бо назари нек кори худро пеш мебурданд Точикистон дар муддати 16 сол кори садсоларо метавонист ба анчом расонад. Чизи дигар ин ки, мардум ва "кастюмпушон" суханро бигуянд, ба андозае, ки амалашон хаст.
Аз будаш зиёд нагуянд!!!

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG