Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миллати озод аз онҳо ҳатман ёдоварӣ мекунад


Шӯрои олии Тоҷикистон, соли 1992

Раҷаби Мирзо,

рӯзноманигор ва таҳлилгар

Бознашр аз веблоги "Рӯзи нав"

Дар паёми Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон (рӯзи 8-уми сентябр) вобаста ба ҷашни Истиқлол, ҳамон тавре интизор мерафт, бештар аз ҳама перомуни дастовардҳои ҳукумат гуфта шуд. Дар бораи он изҳори назар гардид, ки дар ибтидои истиқлол "бо гуноҳи хоинону душманони миллати тоҷик ва хоҷаҳои хориҷии онҳо ба зарбаи ҷонкоҳи таърихи худ - ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардид" ва "онҳо мехостанд давлати исломӣ бунёд намоянд".

Ин нуктаҳои нисбатан нави суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ҳастанд, ки то соли 2015 иброз намешуданд. Дар идомаи ин президент гуфт, асосҳои давлатдориро маҳз пас аз иҷлосияи 16-ум ва ба қудрат омадани ҳукумати феълӣ гузоштанд. Ба кор сар кардани ду агрегати нерӯгоҳи Роғун, иқдомҳои байналмилалии Тоҷикистон дар бораи об ва дигар масоиле, ки то ин табрикот борҳо гуфта шудаанд, дар паёми президент ҷо ёфт.

Бо ин вуҷуд, интизор ин буд, ки дар ин табрикот як тезиси нав ва ҷиддӣ дар бораи маънову мафҳуми истиқлол ишора хоҳад шуд. На танҳо барои он ки Эмомалӣ Раҳмон дар пеш маъракаи интихоботи президентӣ дорад. Сабабҳои дигар ҳам ҳаст. Дунё шакл иваз мекунад, мафҳуму маъноҳо, ҳатто муқаддасоте чун Ватан, Истиқлол барои бархе, хоса насли ҷавон иваз шудаанд.

Бубинед, новобаста аз таблиғоти зиёди гурӯҳҳои ба ҳукумат наздик дар бораи истиқлол, ки бо суханҳои умумӣ мехоҳанд ба мардум маънои истиқлолро фаҳмонанд, гуфтан душвор аст, ки ҳамагӣ онҳоро ба дурустӣ дарк кардаанд. Ба ҳар сурат, ҳоло низ мардумеро вохӯрдан мумкин аст, ки зиёд мехоҳанд тарки Тоҷикистон кунанд, ё ҳалли мушкилоти кишварро ба ворид шудани он ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мебинанд.

Шояд тезиси муҳими худро президент Раҳмон барои 30-солагии таҷлили Истиқлол мавқуф гузоштааст, ки интизор меравад гардиши нави сиёсӣ дар Тоҷикистон бошад...

"Зеҳниятсозӣ кори осон нест"

Аслан ин сухани нав ҳам нест, ки маънои истиқлолро шояд на ҳама ба дурустӣ дарк мекунанд. 29 сол қабл ҳам он мухолифону ҷонибдорон дошт. Ҳарчанд гӯё дар раъйпурсии моҳи марти соли 1990 Тоҷикистон посухи қотеонаи худро дар қатори мардуми дигари Шӯравӣ "якдилона" барои бақои СССР дода буд. Ин бори дигар шаҳодат медиҳад, ки дарк накардани воқеиятҳои замон чӣ пайомадҳо дорад ва бо зӯргӯиву худкомагӣ ба ҳадаф расидан имконнопазир аст.

Як чизи дигарро набояд фаромӯш кард, ки ба фарқ аз имрӯз, қолабу зеҳниятҳои он замон ҳукмронро, ки тайи даҳсолаҳо дар тафаккури мардум ҷо дода буданд, шикастан осон набуд. Аксари мардум аз тамаддуни ҷаҳонӣ гусаста ва ҳатто аз воқеиятҳои кишвари худ огоҳӣ надоштанд.

Аслан, ба андешаи ман, истиқлолу озодии аслӣ дар тафаккур аст. Одам ва миллате, ки истиқлоли андеша надорад, озодии комилро соҳиб шуда наметавонад. Зеҳният бисёр муҳим аст. Тамсиле ба хотирам меояд: филҳои бузургҷуссаро дар сирку боғи ҳайвонот мебинем, аммо боре андешидаем, ки бо ин ҷуссаи бузургу тавонмандӣ чаро дар қафасу панҷараанд? Зеро, шояд дар хурдиву камнерӯгии худ чанд бор талоши озодӣ намуданд, аммо нерӯяшон нарасид. Ҳоло ҳам, ки бузургу пурнерӯ шудаанд, ҳамоно фикр мекунанд қувваташон намерасад, то банди асоратро бишкананд.

Нерӯи зеҳниятро дидед?

Бо вуҷуди худкомагиҳои замони Шӯравӣ одамони камшуморе буданд, ки радиоҳои "Озодӣ", ВВС, "Мавҷи Олмон" гӯш кардаву ахбори алтернативӣ мегирифтанд ва онро баррасиву ҳазм мекарданд.

Дар баробари ин, ҳар миллат шахсиятҳоеро сазовор аст, ки тавони дарки пешомадҳоро доранд ва рисолаташон роҳнамоии дигарон аст. Шукри Худо, Тоҷикон ҳам аз ин неъмат бенасиб набудаву нестанд. Яке аз худшиносии мардум гуфт, дигаре барои мақом додани забони модарӣ пайкор кард, саввумӣ воқеиятҳоро барои ҳамватанон расонд...

Ҳарчанд одамоне то ҳанӯз ёфт мешаванд, ки истиқлоли Тоҷикистонро “доди Худо”, “тарошае аз бом”, “пас аз шикасти ГКЧП - аз ноилоҷӣ” арзёбӣ карданӣ мешаванд, фикр мекунам, талошҳои пешкорон заминаҳое барои истиқлолу худшиносии мардум гаштанд.

Омили “пешкор” вобаста ба ин, дар ҳақиқат муҳим аст, то тавонад ба ҳама талошҳо ҷомаи ҳуқуқиву идеологиву сиёсӣ пӯшонад ва онро ба идеяи миллӣ табдил диҳад.

Онҳо ёфт шуданд ва ҳанӯз соли 1990 тарҳи Истиқлоли Тоҷикистонро дар рӯзномаи "Ҷавонони Тоҷикистон" навиштанд. Албатта, ин лоиҳа бештар ҷанбаи иқтисодӣ дошт ва аз Кремл тақозои бештари масоили иқтисодиро мекард. Вале он заминае барои фардо гузошт. Яке аз муаллифони ин тарҳ Тоҳири Абдуҷаббор буд, ки ором нагирифт. То соли дигар, то замони қабули Эъломияи Истиқлол чанд тарҳи худро навишт, ба вакилон пешниҳод намуд, аммо ба ғайр аз 10-15 вакили ҳампешааш ӯро касе шунидан нахост. Ба умқи ҳарфҳояш замоне рафтанд, ки ҳамтоёни дигарашон аз кишварҳои Шӯравӣ яке аз паи дигар эъломи озодӣ мекарданд. Ахиран маҷбур шуданд, лоиҳаи омодакардаи Тоҳири Абдуҷабборро бо чанд "таҳрири филологӣ" қабул ва Тоҷикистонро давлати мустақил эълон намоянд.

Пас, фикр мекунам, ҳич кас нақшу мақоми Тоҳири Абдуҷабборро ба сифати Тарроҳи Истиқлол иваз карда наметавонад. Ҳарчанд ӯ бо тангдастиву бемории вазнин дур аз пойтахт фавтиду ба хок супурда шуд ва сӯгвории расмие ҳам ба рӯзи фавташ нанавиштанд, ӯ ҳамоно аз озодиву истиқлол мегуфт ва онҳо ҳоло ҳам хеле муҳиманд:

“Албатта, ман фикр намекунам ормонҳое, ки мо дар мавриди истиқлоли Тоҷикистон дар авоили даҳаи 1990 доштем, сад дар сад ба даст омада бошад. Аслан истиқлоли давлати Тоҷикистон, ки мо баҳри он талош кардем, барои ин буд, ки мардум озод бошанд. Бо камоли таассуф, метавон гуфт, ки имрӯз ҳам дар Тоҷикистон он чизҳое, ки мо мехостем, яъне озодии кишвар, озодии инсонҳо ва озодии афроди ҷомеа, ба таври комил ба даст наёмадааст”.

Имрӯз бояд аз иҷрокунандаи раиси Шӯрои Олӣ Қадриддин Аслонов ҳам, ки бигзор вазифаи сирф кориву техникии худро иҷро кардааст, ҳамчун масъуле, ки зери ин санад имзо гузоштааст, ёд биёрем. Зеро як миллати озод ҳатман аз ин гуна шахсиятҳо ёд меорад.

Онҳо 228 нафар буданд

Ҳамчунин, ёд овардан аз вакилони Шӯрои Олӣ, ки хоставу нохоста 9-уми сентябри соли 1991 ба ҷонибдорӣ аз Эъломия раъй додаанд, кори савоб мебуд. Онҳо 228 нафар буданд, ки қисмате фавтиданд, бархе фавтиданд ё кушта шуданд, гурӯҳе тарки Тоҷикистон намуданд ва баъзеи дигар ҳанӯз дар мақомҳои мухталиф ҳастанд:

Рӯйхати вакилоне, ки аз Эъломияи Истиқлоли Тоҷикистон ҷонибдорӣ кардаанд

1. АБДУЛЛОЕВ Амонҷон,

2. АБДУРАҲИМОВ Абдукарим,

3. АБДУРАЗЗОҚОВ Абдуманнон,

4. АБДУРАҲМОНОВА Муҳаббат Сафаралиевна,

5. АБДУРАҲМОНОВ Мухтор Неъматович,

6. АБДУРАҲМОНОВ Руслан Григоревич,

7. АБДУСАМАДОВА Валентина Ивановна,

8. АБДУСАТТОРОВ Зулфиқор,

9. АБДУШАҲИДОВ Абдувакил,

10. ABҒOHOB Аҳлуддин,

11. АВЗАЛОВ Ғайбулло,

12. АВЕЗОВ Рӯзибой,

13. АЗИМОВ Яҳё Нуриддинович,

14. АЗИМОВ Қурбоналӣ Ҳокимович,

15. АЗИМОВ Холмаҳмад,

16. АЗИМОВ Ҳошим,

17. АКБАРОВ Ҳайдаршо,

18. ОЛИМОВ Рашид Қутбиддинович,

19. АНВАРОВА Азиза Саидоромовна,

20. АНВАРОВ Аслон Кофлонович,

21. АМИНОВ Башир Атоевич,

22. АСЛОНОВ Қадриддин,

23. АТОЕВ Раҳмонкул Султонбекович,

24. АҲМАДОВ Аламхон,

25. АҲМАДОВ Юсуфҷон,

26. АШӮРОВ Дадоҷон Турсунович,

27. АШӮРОВ Даврон,

28. АШӮРОВ Нурулло,

29. АЮБОВ Ҳусейн;

30. БАРОТОВ Баҳрулло,

31. БАКРИКАНОВ Муртхоҷахон,

32. БАҲОДУРОВ Мирзоҳамдам Алиевич,

33. БЕГИҶОНОВ Собирҷон,

34. БЕКНАЗАРОВ Сангак,

35. БЕРДИЕВ Одил,

36. БИЛОЛОВ Исмонқул,

37. БОБОЕВ Бобораҷаб,

38. БОБОЕВ Домулло,

39. БОЙМУРОДОВ Султон,

40. БУКРЕЕВ Юрий Дмитриевич,

41. БУЛАНОВ Юрий Михайлович;

42. ВАЛИЕВ Қудратулло,

43. ВЕСЕЛКОВ Геннадий Гаврилович,

44. ВЫСОЧИН Анатолий Петрович;

45. ГАДОЕВ Бахтиёр Ҳомидович,

46. ҒАНИЕВ Сиддикҷон,

47. ҒАФФОРОВ Тухтабой,

48. ҒУЛОМОВ Абдураҳмон Қосимович,

49. ҒУЛОМОВ Абдулло,

50. ҒИЁСОВ Қадриддин Зобирович,

51. ГРЕЗОВ Асалмурод,

52. ГУРЕЗОВ Файзалӣ;

53. ДАВЛАТАЛИЕВА Зууракан Шамшиевна,

54. ДОДОБОЕВ Абдураҳмон,

55. ДАДОБОЕВ Темур Дадобоевич,

56. ҶАББОРОВ Қодирҷон Қаҳҳорович,

57. ҶАББОРОВ Абдусаттор,

58. ҶАББОРОВ Тоирҷон,

59. ДӮСТОВ Нарзулло,

60. ДОСТИЕВ Абдулмаҷид Салимович,

61. ҶАББОРОВ Абдурашид;

62. ЁДГОРОВ Юнусҷон;

63. ЗАРИФОВ Малик Файзиевич,

64. ЗИНАТШОЕВ Исматшо;

65. ИМОМОВ Қурбоналӣ,

66. ИКРОМОВ Мақсуд Мусоқулович,

67. ИСКАНДАРОВ Акбаршо,

68. ИСЛОМИДДИНОВ Мирзошариф;

69. ҚАМБАРОВ Чоршанбе Ҳамроевич,

70. КАРИМОВ Маҳмурод,

71. КАРИМОВ Радам,

72. КАРИМОВ Саидмамад Носирович,

73. ҚАҲҲОРОВ Абдураҳим Абдулаҳадович,

74. ҚАҲҲОРОВА Мамлакат Абдулаҳадовна,

75. ҚАҲҲОРОВ Акбар Тӯраевич (Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода),

76. ҚОДИРОВ Абдураҳмон,

77. ҚОДИРОВ Раҷаб,

78. ҚОИМДОДОВ Қозидавлат,

79. КЕНҶАЕВ Сафаралӣ,

80. КОМИЛОВ Толиб,

81. КОПЫЛЬЦОВ Анатолий Георгиевич,

82. ҚУРБОНОВ Малик,

83. ҚУРБОНОВ Эргашбой Саидович,

84. ҚУРБОНМУРОДОВ Ҷӯрамаҳмад;

85. МАДИБРОҲИМОВ Муҳаммадалӣ,

86. МАЗО Владимир Михайлович,

87. МАМАДҶОНОВ Муъминҷон Мамадҷонович,

88. МАМАДҚУЛОВ Панҷӣ Эшонқулович,

89. МАНСУРОВ Ҷалол,

90. МАРТОВИЦКИЙ Анатолий Нестерович,

91. МАСТОНГУЛОВ Мирзо Абдуллович,

92. МАҲКАМОВ Рустам,

93. МАҲМАДАЛИЕВ Миралӣ,

94. МАҲКАМОВ Қаҳҳор,

95. МАҲМАДАЛИЕВ Муродалӣ,

96. МАҲМУДОВ Солихоҷа,

97. МАШРАФОВ Хол,

98. МЕҲРУБОНОВ Гудос,

99. МЕЛИКМУРОДОВ Ибодулло,

100. МИРЗОЕВ Абдулвоҳид,

101. МИРЗОАЛИЕВ Қурбон,

102. МИРЗОЕВ Халил,

103. МИРЗОЕВ Акбар,

104. МИРЗОЕВ Мансур Ҳакимович,

105. МИРЗОЕВ Ятим Нурович,

106. МИРЗОБАДАЛОВ Мирзобек,

107. МИРХОҶАЕВ Ҷундоршо,

108. МИРАЛИЕВ Амиршо,

109. МУЗОФИРШОЕВ Аслишо,

110. МУРОДОВ Ҷӯрабек,

111. МУРОДОВ Сироҷ Ҷумъаевич,

112. МӮСОЕВА Рафиқа Ғаниевна,

113. МУҲИДДИНОВ Ғаффорхон Набиевич;

114. НАБИЕВ Ҷаҳон Набиевич,

115. НАБИЕВ Раҳмон,

116. НАЗАРОВ Аслам,

117. НАЗАРОВ Рустам Урмонович,

118. НАЗАРОВ Нуралишо,

119. НАЗАРШОЕВ Моёншо,

120. НАСРИДДИНОВ Сироҷиддин Киёевич,

121. НАСРИДДИНОВ Ҳикматулло,

122. НЕЪМАТОВ Ҷӯрахон,

123. НИЁЗОВ Фаррух Раҳмонович,

124. НИЗОМОВ Яъкубҷон,

125. НУРБУТАЕВ Дониёр,

126. НУРИДДИНОВ Ҷамолиддин Шаҳобиддинович,

127. НУРИДДИНОВ Ҳасан;

128. ОБИДОВ Улҷабой,

129. ОДИЛОВ Ҳадиятулло,

130. ОЛИМОВ Мавлон,

131. ОРИФОВ Абдуллоҷон,

132. ОРИФОВ Баҳром,

133. ОРИФОВ Ғайбуллоҷон,

134. ОРИФОВ Маъруф Орифович;

135. ПАЛЛАЕВ Ғоибназар,

136. ПАПИН Сергей Тимофеевич,

137. ПАРДАЕВ Шама Бозорович,

138. ПРИПИСНОВ Виктор Иванович;

139. РАҶАБОВ Абдурасул,

140. РАҶАБОВ Сафаралӣ,

141. РАСУЛОВ Маҳмараҳим,

142. РАҲМОНОВА Адолат,

143. РАҲМОНОВ Эмомалӣ,

144. РОФИЕВ Ҳамдам,

145. РУСТАМОВ Яъқубҷон,

146. САВРИДДИНОВА Гулафзо,

147. САВЧЕНКОВ Николай Григоревич,

148. САИДМУРОДОВ Ҳабибулло,

149. САИДМУРОДОВ Абдуваҳҳоб,

150. САЙФИЕВ Олим,

151. САИДОВ Ахмадҷон Маҳмудчонович,

152. САЛИМОВ Абдуҷалол,

153. САФАРОВ Аслам Рӯзиевич,

154. САФАРОВ Ашӯр Шоймардонович,

155. САФАРОВ Абдулҳамид,

156. САФАРОВ Сафар Ғаюрович,

157. САФОНОВ Валерий Алексеевич,

158. СЁМИН Александр Иванович,

159. СЕНШОВ Николай Алексеевич,

160. СИНАНИ Михаил Фёдорович,

161. СИРОҶЕВ Баҳром,

162. СИТНИКОВ Александр Фоатович,

163. СОБИР Бозор,

164. СОЛЕҲОВ Пир,

165. СОҲИБНАЗАРОВ Аслиддин,

166. СУББОТИН Александр Иванович,

167. СУВОНҚУЛОВ Қурбоналӣ,

168. СУЛТОНОВ Шӯҳрат Музаффарович;

169. ТАБАРОВ Муродалӣ Сафарович,

170. ТАБАРОВ Ҳабибулло,

171. TAҒOEB Саидмурод,

172. ТАҒОЙНАЗАРОВ Бегалӣ,

173. ТАШТАНОВ Бозорбой,

174. ТУРГУНОВ Евгений Илич,

175. ТӮРАЕВ Сайфиддин;

176. УБАЙДОВ Бобоқул,

177. УБАЙДУЛЛОЕВ Ҷамшед,

178. УМАРАЛИЕВ Аъзамалӣ,

179. УМАРОВ Аҳрор,

180. УРУНОВ Қудрат,

181. УСМОНОВА Шарофат,

182. УСМОНОВ Усмон Ғаниевич;

183. ФОЗИЛОВ Толибҷон,

184. ФАТҲУДДИНОВ Бойпочо;

185. ҲАБИБОВ Абдулло,

186. ҲАБИБОВ Абдурасул Ҳабибович,

187. ҲАЁЕВ Изатулло,

188. ХАЙРУЛЛОЕВ Сайдулло,

189. ҲАИТОВ Хоҷӣ,

190. ҲАМРОҚУЛОВ Худойқул,

191. ҲАМИДОВ Абдуҷалил Мадаминович,

192. ҲАСАНОВ Музаффар Толибҷонович,

193. ҲАСАНОВ Олимҷон Толибҷонович,

194. ХИДИРАЛИЕВ Хӯҷаҳмад,

195. ХОНАНАЗАРОВ Имомназар,

196. ХОҶАЕВ Ато Ҳамдамович,

197. ҲОМИДОВ Ҷамолиддин,

198. ҲУВАЙДУЛЛОЕВ Нурулло,

199. ХУДОИЕВ Азаматшо,

200. ХУДОЙНАЗАРОВ Бойназар,

201. ХУҶЕВ Садод,

202. ХУШВАХТОВ Саломатшо,

203. ХУШВАХТОВ Файзулло;

204. ШАБДОЛОВ Шодӣ Давлатович,

205. ШОКИРОВ Ҷӯра Раҳмонович,

206. ШОРАҲМАТУЛЛОЕВ Далер,

207. ШАРИФОВ Азизбек Фаттоҳович,

208. ШАРИФОВ Саидшариф,

209. ШАРИФОВ Ҳайдар (Мулло Ҳайдар)

210. ШАРИФОВ Ҳикмат,

211. ШАФОЕВ Воҳид,

212. ШАФОАТОВ Шириншоҳ,

213. ШЕРАЛИЕВ Муродулло,

214. ШЕРМУРОДОВ Дилмурод,

215. ШИЧКИН Владимир Александрович,

216. ШИШКИН Александр Александрович,

217. ШОЕВ Саидшоҳ Зоғович,

218. ШОДИМАМАДОВ Шукур,

219. ШОКИРОВ Усмонқул;

220. ЭГАМБЕРДИЕВ Юлбарс,

221. ЭМҲАМАДОВ Қаландар,

222. ЭСАНҚУЛОВ Эшбӯрӣ Тӯрахонович,

223. ЭШБЕКОВ Хушвахт;

224. ЮНУСОВ Нормат,

225. ЮСУФОВ Бобораҳим Кулҷонович,

226. ЯЪҚУБОВ Шариф,

227. ЯТИМОВ Атохоҷа,

228. ЯЪҚУБОВ Одилҷон.

Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (14)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG