Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чину Ҳинд ҳамдигарро дар ҳодисаи марзӣ гунаҳгор карданд


Дарёи Пангон макони ҷойгиршавии хатти баҳсии марзӣ миёни Чину Ҳинд аст
Дарёи Пангон макони ҷойгиршавии хатти баҳсии марзӣ миёни Чину Ҳинд аст

Ҳинду Чин, ду кишвари ҳастаӣ ҳамдигарро дар он гунаҳгор карданд, ки нирӯҳояшон дар хатти баҳсии марзӣ ба сӯи ҳамдигар оташи ҳушдоркунанда кушода, боиси эҷоди таниш шудаанд. Вазорати хориҷаи Чин артиши Ҳиндро дар он муттаҳам кард, ки дар ҳодисаи рӯзи 8-уми сентябр хатти баҳсии марзро ба таври ғайриқонунӣ убур карда ба самти марзи ҳамдигар тири ҳушдордиҳанда холӣ карданд. Дар бораи эҳтимоли маҷрӯҳ шудани нафаре хабаре нест. Мақомоти Ҳинд ин иттиҳомотро рад карданд ва чиниҳо гуфтанд, ки ин як “амали бади таҳрикомез буд”.

Дар як ҳодисаи моҳи май дар минтақаи марзии Ладах задухӯрди миёни нирӯҳои ду кишвар рух дод ва мулоқоти вазирони дифои ду кишвар дар таърихи 4-уми сентябр ҳам натавонист оташи танишро фурӯ нишонад. Ҳодисаи ахир дар наздикии дарёи Пангон рух додааст.

XS
SM
MD
LG