Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бутун Қирғизистон" комиссияи интихоботиро ба додгоҳ кашид


Бинои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Қирғизистон.
Бинои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Қирғизистон.

Додгоҳи шаҳрии Бишкек имрӯз, 7 сентябр шикояти ҳизби "Бутун Қирғизистон"-ро зидди Комиссияи марказии интихоботии ин кишвар (КМИР) баррасӣ хоҳад кард. Дар ин бора раиси ҳизб Адахон Мадумаров 6 сентябр хабар дод.

"Мо давоми се рӯзи ахир бо беҳтарин ҳуқуқшиносону вакилони дифои кишвар машварат доштем ва ягон асосеро пайдо накардем, ки Ҳизби "Бутун Қирғизистон" бояд сабти ном нашавад. На дар Конститутсия ва на дар қонунҳои марбут ба интихобот ингуна меъёр нест. Дар ин қазия танҳо КМИР айбдор аст", - изҳор дошт Мадумаров.

КМИР то ҳол изҳороти ахири Мадумаровро шарҳ надодааст.

КМИР Қирғизистон Ҳизби "Бутун Қирғизистон"-ро барои иштирок дар интихоботи порлумонии ин кишвар сабти ном накард.

Рӯзи 3 сентябр маълум шуд, ки гуруҳи кории комиссия дар раванди тартиби рӯхайти номзадҳои "Бутун Қирғизистон" қонуншиканиро ошкор кардааст. Дар натиҷа худи он рӯз дар ҷаласаи аъзои комиссия бо аксари оро тасмим гирифта шуд, ки ҳизби мазкур сабти ном карда нашавад.

Адахан Мадумаров, раиси "Бутун Қирғизистон" ба қарори комиссия норозигӣ баён карда, гуфт, "қарори КМИР сиёсӣ аст".

Ду узви КМИР Қирғизистон ‒ Кайрат Осмоналиев ва Атир Абдрахматова ҳам ба хулосаи гуруҳи кории КМИР норозигӣ карданд.

Дар Қирғизистон 4 сентябр таблиғоти пешазинтихоботӣ оғоз шуд ва интихобот ба рӯзи 4 октябр гузошта шудааст.​

XS
SM
MD
LG