Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Занони афғон ба ақиб барнамегарданд", агар Толибон ҳам биёянд


Ҳукумати Афғонистон дар остонаи оғози музокирот садҳо зиндониро озод кард.
Ҳукумати Афғонистон дар остонаи оғози музокирот садҳо зиндониро озод кард.

«Занони Афғонистон ба ақиб барнамегарданд, бад ин маъност, ки занон дӯст надоранд, дубора аз таълиму таҳсилу кор дур бимонанд.” Ин баёнияи Шукрия Борикзай, сафири пешини Афғонистон дар Норвегия аст, ки ахиран ба маъракаи онлайнии занони афғон зери унвони “Занони афғон ба ақиб барнамегарданд” пайвастааст.

Маъракаи мазкурро созмони ғайриҳукуматии “Шабакаи занони афғон” оғоз кардааст. Шукрия Борикзай аз эҳтимоли барҳадар рафтани дастовардҳои 19-солаи пас аз суқути Толибон нигарон аст.

Махсусан, ки акнун баҳси оғози музокирот байни афғонҳо дар миён аст. Ӯ мегӯяд: “Фикр мекунам, ончӣ ки бисёр муҳим аст, ҳамин аст, ки занони Афғонистон дӯст надоранд, ки бо дастовардҳову арзишҳояшон, ки мардум барои онҳо қурбонӣ додаанд, муомилаи сиёсӣ сурат бигирад. Дар маҷмуъ сулҳе, ки дар он адолат набошад, сулҳе, ки дар он қонуният набошад, сулҳе, ки дар он фақат ҷабр бошад, мардуми Афғонистон он сулҳро намехоҳад.”

Дар аҳди Толибон дар солҳои 1996 то соли 2001 милодӣ занони афғон аз ҳаққи бунёдӣ ва оддие ба мисли таҳсил ва кор маҳрум буданд. Онҳо ҳатто наметавонистанд, танҳо ва бе ҳамроҳии ягон марди маҳрам, ба мисли шавҳар, бародар, ё падар аз хона берун оянд. Толибон, ки қонунҳои сахтгиронаи шариатро ҷорӣ карда буданд, занонро сангсор низ мекарданд ва барои дуздӣ дасти муттаҳам ба ҷиноятро мебуриданд.

Хатар ба дастовардҳое, ки тақрибан 20 сол барояшон сарф шуд?

Баъди суқути Толибон дар амалиёти ба раҳбарии Амрико дар соли 2001 сафҳаи наве дар ҳаёти Афғонистон боз шуд. Интихобот баргузор карданд, порлумон таъсис доданд, расонаҳо рушд карданд, озодии баён равнақ гирифт ва занон ҳуқуқи зиёде ба даст оварданд, ки ин ҳама аз арзишҳои як ҷомеаи демократӣ аст.

Дар Афғонистон ҳоло насли наве зуҳур кардааст, ки бо фанновариҳои навин ошност ва аз шабакаҳои иҷтимоӣ ба мисли Фейсбук ва Твиттер васеъ истифода мебарад. Акнун, ки талошҳои милливу байналмилалӣ барои оғози музокироти байни ҳукумати Афғонистон ва Толибон зиёд шудааст, савол инҷост, ки оё дидгоҳи гуруҳи Толибон нисбат ба Афғонистон имрӯз, бахусус дар бораи ҳуқуқи занон дар 19 соли гузашта тағйир кардааст?

Суҳайл Шоҳин, сухангӯи дафтари Толибон дар Қатар дар посух суоли Радиои Озодӣ дар ин бора чунин гуфт: “Мо дар рушании усули исломӣ ба ҳуқуқи занон қоил ҳастем, ки дар он ҳаққи таълим ва кори онҳо шомил аст. Ин як асли умумист. Албатта тафсири он дар ҳини музокироти байнулафғонӣ бар асоси супоришоти уламои киром ироа хоҳад шуд.”

Занон ба самимияти Толибон бовар надоранд

Аммо бархеҳо мисли Шукрия Борикзай ба гуфтаҳои Толибон ҳанӯз ҳам шак доранд ва мехоҳад, ба ин суолҳояш посух бигирад: “Ман дӯст дорам, бидонам, ки Толибон дар манотиқе, ки таҳти ҳокимияташон, таҳти тасаллуташон аст, чанд мактаби духтарона фаъол аст. Чанд корхона барои зан фаъол аст. Чӣ қадар занҳо дар он манотиқ масъун ва ором рафтуомад карда метавонанд.”

Шабнам Солеҳӣ масъули бахши занон дар Кумиссиёни мустақили ҳуқуқи башар дар Афғонистон ҳам айни Шукрия Борикзай нигарон аст: “Як бор ба манотиқи таҳти ҳокимияти Толибон бингаред. Дар онҷо ба макотиби духтарона иҷоза дода намешавад, онҳо ҳаққи кор надоранд. Иҷозаи берун рафтан, бидуни маҳрамро надоранд. Мо аз ҳамин нигаронем. Ҳақоиқе, ки дорем, таҷорибе, ки дорем, нишон медиҳад, ки онҳо ҳеҷ тағйире наовардаанд.”

Ба гуфтаи Шабнам Солеҳӣ, дар соли 2019 дар Афғонистон 17 мавриди муҳокимаи худсарона сурат гирифтааст, ки ҳамаи онҳо ҳам дар манотиқи таҳти назари Толибон будаанд ва ин ҳам баёнгари он аст, ки дар дидгоҳи Толибон ҳеҷ тағйире наёмадааст.

Аммо Забеҳулло Муҷоҳид, яке аз сухангуёни дигари Толибон ба бахши дарии Радиои Озодӣ гуфт, дар манотиқи таҳти тасарруфи онҳо дар сурати иҷозаи аъзои хонавода духтар метавонад, ба мактаб биравад. Ба гуфтаи ӯ, занони афғон ҳамчунин метавонанд, ба шифохонаҳое барои муолиҷа бираванд, ки онҳо фақат занон кор мекунанд.

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар моҳи июн бо нашри гузорише зери унвони “Ҳаққи шикоят надорӣ” гуфт, гуруҳи Толибон иддао мекунад, ки ислоҳот ба роҳ меандозанд, аммо мардум дар манотиқи таҳти назари онҳо ҳаққи танқид ва суол дар бораи амалкардҳои Толибонро надоранд. Дар ин гузориш омадааст, ки ҳуқуқи занону духтарон ошкоро зери по мешавад ва ҷое барои озодии баён намондааст. Дар Афғонистон имрӯз занон дар бахшҳои гуногун кор мекунанд ва дар арсаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ нақши чашмгире доранд.

Қарор аст, ба зудӣ дар Қатар музокироти мустақим байни ҳукумати Афғонистон ва Толибон оғоз шавад. Барои ин кор Залмай Халилзод, фиристодаи хоси Амрико барои Афғонистон ба Қатар сафар кардааст. Ӯ яке аз миёнҷигарони аслӣ барои моил кардани Толибон ба хатми ҷанг аст.

Радиои Озодӣ чанде пеш дар бораи раванди сулҳи Афғонистон бо 101 зан аз гушаҳои гуногуни кишвар суҳбат кард, ки бисёриашон зимни истиқбол аз ҳар ҳаракат барои хатми ҷангу барқарории сулҳ дар кишвар бо як садо гуфтанд, ки дигар “ба ақиб барнамегарданд”.

XS
SM
MD
LG