Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Умед ба шурӯи музокироти мустақим баъди озодии 400 зиндонии Толибон


Толибон зиндони Пули Чархиро тарк мекунанд. Августи соли 2020
Толибон зиндони Пули Чархиро тарк мекунанд. Августи соли 2020

Мақомот дар Афғонистон баъди озод кардани 400 зиндонии дигари Толибон гуфтанд, интизор доранд, ки музокироти сулҳ базудӣ шурӯъ мешавад. Мақомот гуфтанд, ки танҳо чанд нафарро дар зиндон нигаҳ медоранд, чунки бархе кишварҳои дигар бо озод кардани онҳо мухолифат кардаанд. Ҳафтаи ҷорӣ Кобул табодули зиндониҳоро аз сар гирифт, то ки фурсати шурӯи музокироти сулҳи байни афғонҳо дар Давҳаи Қатар фаро бирасад. Сухангӯи Шӯрои амнияти миллӣ Ҷовид Файсал рӯзи 3 сентябр гуфт, ки “талошҳои дипломатӣ идома доранд ва мо интизорем, ки базудӣ музокироти мустақим шурӯъ бишавад”. Бар асоси бархе хабарҳо, Австралия ва Фаронса ба озод кардани ҳадди аққал 7 узви Толибон мухолифат карданд. Ин нафарон барои куштори сарбозони хориҷӣ дар Афғонистон гунаҳгор мешаванд.

XS
SM
MD
LG