Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири Олмон мехоҳад, Русия қазияи Навалнийро шарҳ диҳад


Ҳейко Маас гуфтааст, аломатҳои даст доштани Русия дар заҳролуд кардани Навалний вуҷуд дорад.
Ҳейко Маас гуфтааст, аломатҳои даст доштани Русия дар заҳролуд кардани Навалний вуҷуд дорад.

Вазири умури хориҷии Олмон гуфтааст, агар Русия масъалаи заҳролуд шудани мунтақиди ҳукумат Алексей Навалнийро шарҳ надиҳад, кишвараш саъй мекунад, то ба зидди Маскав таҳримоти нав ҷорӣ шавад. Ҳейко Маас дар ин бора дар як мусоҳибае, ки рӯзномаи “Билд” рӯзи 6-уми сентябр нашр кард, сухан гуфтааст. Мақомоти Русия гуфтаанд, дар заҳролуд шудани Алексей Навалний даст надоранд. Ба гуфтаи Ҳейко Маас, “чанд аломате” вуҷуд дорад, ки нишон медиҳад, заҳролуд кардани Навалний кори дасти Русия аст.

Ӯ гуфтааст: “Агар Русия дар маълум кардани ҳодиса кӯмак накунад, мо маҷбур мешавем, бо шарикони худ аксуламал ба онро баррасӣ кунем.” Вазири Олмон доир ба тағйири эхтимолӣ дар сиёсати кишвар дар робита ба тарҳи лӯлаи гази “Маҷрои Шимолӣ-2” суҳбат кардааст. Лӯлаи мазкур, ки тақрибан такмил шудааст, гази Русияро мустақим ба Олмон мерасонад.

Олмон зери фишори Амрико қарор гирифтааст, то аз ин тарҳ даст кашад, вале Ангела Меркел қаблан гуфтааст, набояд парвандаи Алексей Навалнийро ба тарҳи мазкур вобаста кунанд. Ба қавли Ҳейко Маас, дар сурати даст кашидан аз тарҳ, бисёре аз ширкатҳои Олмон ва Аврупо осеб мебинанд, вале мумкин аст, таҳримоти хосу маҳдуде ба зидди он эъмол карда шавад.

Алексей Навалний рӯзи 20-уми июл дар ҳавопаймо бемор шуд ва баъди интиқоли ӯ ба Олмон барои муолиҷа табибон гуфтанд, ки сиёсатмадори 44-солаи рус заҳролуд шудааст.

XS
SM
MD
LG