Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумораи расмии фавтидагон аз COVID-19 дар Тоҷикистон ба 70 нафар расид


Дафни қурбониёни COVID-19 дар Тоҷикистон
Дафни қурбониёни COVID-19 дар Тоҷикистон

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон эълон кард, ки шабонарӯзи гузашта дар кишвар 33 ҳолати нави сирояти COVID-19 ва як фавт аз ин беморӣ ба қайд гирифта шуд. Ҳамин тавр, расман, шумораи фавтидаҳо аз ин беморӣ ба 70 нафар расид.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва фаъолони ҷомеа ба омори расмӣ бовар надоранд ва мегӯянд, теъдоди беморон ва фавтидаҳо ба маротиб бештар аст.

Дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон рӯзи 5 сентябр хабар дод, ки дар маҷмуъ 8757 шаҳрванди кишвар ба ин вирус сироят ёфтааст, ки 7549 нафарашон сиҳат шудаанд.

Тоҷикистон охири моҳи апрел пас аз марги чанд нафар, ки онро мақомот "илтиҳоби шуш" меномиданд, вуҷуди коронавирусро эътироф кард.

XS
SM
MD
LG