Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Минск мурофиаи додгоҳии 6 журналист баргузор мешавад


Шиоре аз як ҳамоиши бахшида ба ҳамраъии журналистон
Шиоре аз як ҳамоиши бахшида ба ҳамраъии журналистон

Шаш журналисти беларусӣ, ки оғози ҳафтаи ҷорӣ ҳангоми пӯшиши хабарии эътирозҳои мардумӣ дар Минск боздошт шуданд, рӯзи 4-уми сентябр дар додгоҳ ҳозир хоҳанд шуд. Мақомот саркӯби дигарандешону мухолифони бори шашум ба мақоми президентӣ интихоб шудани президент Александр Лукашенкоро идома медиҳанд. Рӯзноманигорон рӯзи 1-уми сентябр ҳангоми пӯшиши эътирозҳои донишҷӯён дар назди варзишгоҳи “Динамо”-и шаҳри Минск, ки истеъфои Лукашенкоро талаб мекарданд, боздошт шуданд. Аз он замон то кунун рӯзноманигорон дар боздошт буданд. Агар ин рӯзноманигорон барои ширкат дар намоишҳои эътирозии ғайриқонунӣ гунаҳкор шаванд, ба онҳо то 15 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ таҳдид мекунад.

Рӯзноманигорон барои вебсайти мустақили беларусии Tut.by, дафтари нашрияи “Комсомольская правда в Беларуси” ва оҷонсии хабарии BelaPAN кор мекунанд. Баъди интихоботи рӯзи 9-уми август дар Беларус садҳо ҳазор шаҳрвандон ба хиёбонҳо баромада, интихоботро тақаллубшуда ва истеъфои президент Лукашенкоро талаб карданд. Дар ин таҳаввулот ҳазорҳо нафар боздошт ва ҳабс шуданд.

XS
SM
MD
LG