Президент Александр Лукашенко рӯзи 3 сентябр бо чанд қарораш раҳбарони сохторҳои калидии интизомии кишварро иваз кард. Ба иттилои бахши Беларусии радиои Озодӣ, Валерий Вакулчик, раиси КГБ ё Кумитаи амнияти давлатӣ ба мақоми раиси Шӯрои амният таъин шуд. Ба ҷои Вакулчик ба раҳбарии КГБ Иван Тертел таъин шуд. Тертел то имрӯз дар мақоми Кумитаи назорати давлатӣ кор мекард. Ҷои Тертелро дар ин кумита ба ҳайси иҷрокунандаи раис Валерий Герасимов гирифт. Герасимов дар мақоми муовини аввали кумита кор мекард. Инчунин Лукашенко дар чанд ноҳияи вилояти Гомел ҳам раҳбаронро иваз кард. Дар хабарҳои расмӣ сабаби ин тағйирот шарҳ дода нашудааст.
Тағйирот дар сохторҳои ҳифзи қонун дар ҳолест, ки баъди 9 август дар Беларус эътирозҳои сартосарӣ аз тақаллуб шудани натиҷаҳои интихоботи президентӣ ва пирӯзии Александр Лукашенко идома дорад. Лукашенко дар ташкили беназмиҳо мухолифон ва пуштибонҳои ғарбии онҳоро гунаҳгор карда, фаъолияти сохторҳои ҳифзи қонун ва артишро тақвият дод. Мунаққидон мегӯянд, ки Лукашенко ҳеҷ аломате дар заминаи гузашт кардан ба эътирозгарон ваё муомила бо онҳоро ба намоиш намегузорад.
Лукашенко хитоб ба раҳбарони нави сохторҳои интизомӣ гуфтааст, ки вазифаи онҳо "муқовимат бо таҳдидҳои нав" мебошад. Ӯ инчунин кишварҳои аврупоии ҳамсояаш - Полша, Чехия, Украина ва Литваро дар дахолат ба умури дохилии Беларус гунаҳгор карда гуфтааст, ки "эътирозҳо аз дохили ҳамин кишварҳо танзим мешаванд".