Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико қатънома оид ба сарнавишти "ДОИШ"-иҳои зиндониро вето кард


Ироқ. Яке аз урдугоҳҳо дар Ироқ.
Ироқ. Яке аз урдугоҳҳо дар Ироқ.

Иёлати Муттаҳидаи Амрико рӯзи душанбеи 31-уми август қатъномаи пешниҳодии Индонезияро дар мавриди ҳазорон ҷангҷӯи гурӯҳи "Давлати исломӣ", ки дар урдугоҳҳои Сурия ва Ироқ нигаҳдорӣ мешаванд, вето кард.

Ба гузориши хабаргузории "Франс-пресс", ин вето дар ҳоле сурат гирифт, ки 14 узви дигари Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид аз пешнависи ин қатънома ҳимоят карданд.

Ҳазорон ҷангҷӯи хориҷии гурӯҳи "Давлати исломӣ" ва дигар гурӯҳҳои исломгаро ба ҳамроҳи хонаводаашон ҳамчунон дар паноҳгоҳҳои Сурия ва Ироқ ҳастанд ва кишварҳояшон аз қабули онҳо худдорӣ мекунанд.

Дар қатъномаи пешниҳодшудаи Индонезия ба муҳокимаи ин афрод дар Ироқ ва Сурия ва бозомузӣ ва талош барои дубора мутобиқ шудани онҳо дар ҷомеа таъкид шудаааст, аммо дар масъалаи истирдоди онҳо ба кишварҳои аслиашон чизе гуфта нашудааст.

Амрико таъкид дорад, ин афрод, ки аз кишварҳои мухталиф барои пайвастан ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" ва Ал-Қоида ба минтақа омада буданд, бояд ба кишварҳои аслии худ бозгардонида шаванд.

Бархе кишварҳои аврупоӣ, мисли Фаронса ва Белгия барномаҳоеро барои бозгардонидани кӯдакон ва ҳатто занони ин ҷанҷӯён дар пеш гирифтаанд. Аммо бештари кишварҳои дигар афзал мешуморанд, ки муҳокима ва муҷозоти ин афрод дар Ховари Миёна анҷом шавад ва дар ин робита бештар бори масъулиятро ба ӯҳдаи Ироқ гузоштаанд.

Ба навиштаи хабаргузории "Франс-пресс", вето шудани ин қатънома аз сӯи Амрико, барои Индонезия гарон тамом шудааст, зеро ин кишвар қабули ин матнро аз авлавиятҳои аслии худ дар ҷараёни раёсати давраии ин моҳи худ бар Шӯрои Амният қарор дода буд.

Дар ҷараёни ҷангҳои ахири чанд соли ахир дар Ховари Миёна, садҳо шаҳрванди Тоҷикистон низ ба ДОИШ пайвастанд. Мақомот дар Душанбе теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки ба гурӯҳи ДОИШ пайвастаанд, наздики 2 ҳазор нафар медонанд. Ин гурӯҳ, ки аз ҷониби аксар кишварҳои дунё гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст, соли 2014 қисмате аз хоки Сурия ва Ироқро ишғол карда, хилофати худхондаи худро таъсис дод.

Ин гурӯҳ ду сол пеш дар Сурия ва Ироқ шикаст хӯрд. Сарнавишти аксар ҷангҷӯёни тоҷики ин гурӯҳ номаълум аст. Бархе аз мардоне, ки ба ин гурӯҳ пайваста буданд, ҳоло дар зиндонҳои Сурия ва Ироқ нигаҳдорӣ мешаванд ва ҳамсару кӯдаконашон дар паноҳгоҳҳо қарор доранд.

Як сол пеш ҳукумат беш аз 80 кӯдаки ҷангҷӯёнро аз Ироқ баргардонд. Инҳо кӯдаконе буданд, ки падаронашон кушта шудаанд ва модаронашон дар Бағдод ба ҳукмҳои тӯлонӣ ба зиндон маҳкум шудаанд.

XS
SM
MD
LG