Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Норозиён аз мақомот хостанд, "Қирғизистон"-ро аз маърака берун кунанд


Норозиён дар назди бинои Додгоҳи олии Қирғизистон. 1 сентябр, 2020.
Норозиён дар назди бинои Додгоҳи олии Қирғизистон. 1 сентябр, 2020.

Баъди қарори Додгоҳи олии Қирғизистон дар бораи иҷозаи иштироки ҳизби сиёсии "Қирғизистон" дар маъракаи интихоботӣ, шаҳрвандони норозӣ аз ин қарор рӯзи 1 сентябр сӯи Комиссияи марказии интихоботӣ роҳпаймоӣ карданд.

Бархе аз дигар фаъолон пушти дари Додгоҳ олӣ ҷамъ шуданд ва аз тасмими Комисияи марказии интихоботӣ оид ба баҳси додгоҳӣ бо ҳизби "Қирғизистон" ҷонибдорӣ карданд.

Иддаи дигар назди комиссияи марказии интихоботӣ омаданд ва талаб карданд, ки ҳизби "Қирғизистон" аз маъракаи интихоботӣ маҳрум карда шавад. Ба гуфтаи ҷамъшудаҳо, мардум аз тасмими Комиссия дар бораи роҳ надодани ҳизби "Қирғизистон" ба маъракаи интихоботӣ ҷонибдорӣ мекунанд.

Додгоҳи олии он кишвар рӯзи 1 сентябр шикояти ҳизби "Қирғизистон"-ро дар бораи маҳрум шудан аз маъракаи интихоботӣ баррасӣ кард ва иҷоза дод, ки ҳизб дар интихобот ширкат варзад.

Додгоҳ гуфт, тасмими Комисия дар бораи баргардонидани ҳуҷҷатҳои ҳизб ғайриқонунӣ аст ва Комиссия бояд ҳуҷҷатҳоро пазирад.

Комиссияи марказии интихоботии Қирғизистон рӯзи 24 август қабули ҳуҷҷатҳоро барои иштирок дар маъракаи интихобот ба поён расонд. Комисия гуфт, то соати 18:00 рӯзи 24 август 17 ҳизби сиёсӣ ҳуҷҷат супурдаанд. Комисияи интихоботӣ рӯзи 25 август ҳуҷҷатҳои ҳизби "Қирғизистон"-ро ба далели вайрон кардани тартиби супоридани онҳо, баргардониданд.

Ҳизби "Қирғизистон" аз болои ин тасмим ба додгоҳ шикоят бурд.

XS
SM
MD
LG