Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси Сенати Чех дар Тайван гуфт, "ман тайванӣ ҳастам"


1 сентябр, парлумони Тайван. Милош Вистрчил, раиси Сенати Чех
1 сентябр, парлумони Тайван. Милош Вистрчил, раиси Сенати Чех

Раиси Сенати Ҷумҳурии Чех зимни суханронии рӯзи 1-уми сентябраш дар парлумони Тайван, ки қаблан худи сафараш мавриди норизоияти Чин шудааст, гуфт, ки ӯ тайванӣ аст. Чин иддао мекунад, ки Тайвани демократӣ қаламрави ин кишвар аст ва таҳдид кард, ки Милош Вистрчил, раиси Сенати Чех барои сафар ба ин ҷазира “қимати баланде пардохт хоҳад кард”. Вистрчил бо ёдоварӣ аз нутқи соли 1963-и собиқ президенти ИМА Ҷон Кеннедӣ дар Олмон, ки гуфта буд, “ман берлинӣ ҳастам” (“Ich bin ein Berliner”), худро тайванӣ номид. Вистрчил гуфт, “озодӣ ҷудоинопазир аст ва вақте як инсон ғулом аст, дигарон озод буда наметавонанд”. Ӯ гуфт:

“Иҷоза бидиҳед, ба Тайван ва арзиши олии озодӣ пуштибонии худро баён кунам. Иҷоза бошад, ҳамин ҷо суханронии худро, дар ин қасри қонунгузор дар Тайван бо суханҳои қотее ба анҷом бирасонам: Ман Тайванӣ ҳастам, ман Тайваниам”

Мисли аксар кишварҳо дар ҷаҳон Ҷумҳурии Чех сиёсати “Як Чин”-ро эътироф мекунад ва ин сиёсат Тайванро ҳам бахше аз қаламрави Чин мешиносад. Вале Вистрчил як узви ҳизби ростгарои Демократҳои маданӣ буда, ба протоколи дипломатӣ итоат намекунад. Рӯзи 31 август Ван И, вазири хориҷаи Чин гуфт, ки Чин Вистрчилро ба пардохти “қимати гароне” водор хоҳад кард.

Вазири хориҷаи Чехия Томаш Петршичек дирӯз вокуниши Пекинро маҳкум кард ва ёдовар шуд, ки вазорат ба Вистрчил машварат дода буд, ки аз сафар ба Тайван худдорӣ кунад. Президент Милош Земан ҳам бо сафари раиси Сенат розӣ набуд. Дар Ҷумҳурии Чех мухолифони либерал президентро барои сиёсати, ба гуфтаашон, рӯ ба Чин интиқод мекунанд. Вистрчил аз ҳизби демократии мухолифин намояндагӣ мекунад. Дар нахустин сафари як мақоми баландпояи Чех ба ҷазираи Тайван қарор аст мулоқот ва гуфтугӯ бо президент барпо шавад ва масоили мисли ҳамкориҳои иқтисодиву риояи ҳуқуқи башар баррасӣ гардад. Вистрчил гуфт, ки ин сафар идомаи анъанаҳои хуби президенти собиқ Васлав Ҳавел аст, ки бо раҳбари рӯҳонии Тибет Далай Лама мулоқотҳо кардааст. Ҳавел бо Далай Лама баъди аз мақом рафтанаш мулоқот кардааст.

XS
SM
MD
LG