Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Булғористон таҳқиқи қазияи заҳролудшавӣ бо "новичок" боздошта шуд


Емелян Гебрев соли 2015 мавриди сӯиқасд қарор гирифт
Емелян Гебрев соли 2015 мавриди сӯиқасд қарор гирифт

Додситонии Булғористон таҳқиқи парвандаи сӯиқасд ба ҷони соҳибкор Емелян Гебревро боздошт. Тахмин мешавад, ки ин тоҷири силоҳ бо заҳри монанд ба “новичок”-и русӣ заҳролуд шуда буд. Сабаби тасмим маълум нест, вале тахмин мешавад, ки эҳтимолан Маскав нахостааст дар ин қазия ҳамкорӣ кунад. Гебрев соли 2015 мавриди сӯиқасд қарор гирифт. Дар анҷоми ин ҷиноят се шаҳрванди Русия гумонбар мешаванд, ки ба навиштаи вебсайти таҳқиқотии Bellingcat, ҷосусони низомӣ генерал-майор Денис Сергеев, Сергей Лютенко ва Пётр Борисов мебошанд.

Муфаттишон тахмин мекунанд, ки баъди ин Сергеев дар сӯиқасд ба ҷони собиқ раиси хадамоти кадрҳои сарраёсати ҷосусӣ Сергей Скрипал иштирок кардааст.

Худи Гебрев дар сӯҳбат бо бахши Булғории Радиои Озодӣ гуфт, ки таҳқиқи ҷиноят метавонад дар ҳолати набуди дастрасӣ ба гумонбарон ва адами кӯмаки ҳуқуқии кишварҳои дигар қатъ шавад. Гебрев гуфтааст, ки тафтишот аз паёмадҳои “геополитикии” ин парванда ҳарос дорад, вале додситонӣ гуфтааст, ки боздошта шудани таҳқиқ ба маънои хатми тафтишот нест.

XS
SM
MD
LG