Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Беларус роҳиби католикҳоро ба кишвар роҳ надоданд


Тадеуш Кондрусевич, роҳиби католикҳои беларус
Тадеуш Кондрусевич, роҳиби католикҳои беларус

Марзбонҳои Беларус рӯзи душанбе нагузоштанд, ки роҳиби католикҳои беларус Тадеуш Кондрусевич ба кишвар ворид шавад. Кондрусевич дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯро нагузоштанд, ки аз марзи Полша ба Беларус ворид шавад. Дар изҳороти расмии калисои католикии Беларус омадааст, ки Кондрусевич як шаҳрванди Беларус аст ва дар Полша бо сафари хидматӣ қарор дошт. Сабаби рад шудани ҳақи вуруд ба кишварро шарҳ надоданд. Дар ҳафтаҳои ахир Кондрусевич чандин бор кори мақомоти ҳифзи қонуни Беларусро дар нисбати эътирозгарони натиҷаҳои интихоботи президентӣ интиқод кардааст. Дар Беларус интихоботи президентии рӯзи 9 август бо пирӯзии Александр Лукашенко анҷом ёфт, вале мухолифон гуфтанд, ки ин натиҷаҳо тақаллуб шудааст. Кондрусевич инчунин ба ҳалли сулҳомези бӯҳрони сиёсии Беларус даъват кардааст. Омори расмӣ мегӯяд, тахминан 1,4 миллион аҳолии Беларус ваё беш аз 10 дарсади аҳолӣ худро ба калисои католик мансуб медонанд.

XS
SM
MD
LG