Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон аз Русия хост, барои сафари донишҷӯён мусоидат кунад


Бинои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.
Бинои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз Сафорати Русия дар ин кишвар хостааст, барои сафари донишҷӯёни тоҷик ба ин кишвар мусоидат кунад. Вазорат сафорати Русияро дар ҷараён гузоштааст, ки бинобар баста будани марзҳо беш аз 4 ҳазор донишомӯзони тоҷик дар ватан банд мондаанд. Аз ин миён зиёда аз ҳазор нафарашон имсол ба донишгоҳҳои Русия дохил шуда, тибқи талабот бояд барои таҳсил дар он кишвар ҳозир шаванд.

Вазорати корҳои хориҷӣ аз сафорати Русия хоҳиш кардааст, ки “дар гирифтани иҷозатнома аз Ситоди фаврӣ оид ба пешгирӣ ва паҳншавии коронавирус дар ҳудуди Федератсияи Россия, барои сафари донишҷӯёни тоҷик дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда (варақаи донишҷӯӣ, маълумотномаи донишгоҳ ва ғ.) мусоидат намояд". Ин масъала ҳоло дар баррасии мақомоти рус қарор доштааст.

Дар ҳамин ҳол расонаи Русия иттилоъ медиҳанд, ки тибқи санади таҳиякардаи “Роспотребнадзор” донишомӯзони хориҷӣ дар Русия танҳо пас аз 14 рӯзи карантин ва ташхиси коронавирус ба дарсҳо роҳ дода мешаванд.

Садҳо ҷавони тоҷик, ки барои таҳсил дар донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ қабул шудаанд, аз мақомот талаб доранд, сафари онҳоро бо парвози чартерӣ ё ғайринақшавии ҳавопаймоҳо таъмин кунанд. Намояндагони Вазорати маориф ва илм гуфтанд, ин кор танҳо аз хоҳиши онҳо вобаста нест, балки ризояти кишварҳои қабулкунанда зарур аст.

Дар пайи густариши бемории COVID-19, панҷ моҳ пеш, парвозҳои маъмулӣ байни Тоҷикистону кишварҳои дигар қатъ гардид. 30 август дар як парвози чартерӣ ба самти Душанбе-Минск донишҷӯёни тоҷике, ки дар Ҷумҳурии Беларус ва Украина таҳсил мекунанд, интиқол дода шуданд.

XS
SM
MD
LG