Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Алмато мактабҳо боз, рафтан ба осорхонаву ҳавзу куҳ иҷозат шуд


Қазоқистон, моҳи августи 2020.
Қазоқистон, моҳи августи 2020.

Дар шаҳри Алматои Қазоқистон бо қарори сарпизишки беҳдоштӣ Жандарбек Бекшин чораҳои карантин сабук карда шуд. Ин қарор барқарории фаъолияти театрҳо, китобхона ва осорхонаҳо, инчунин муассисаҳои динӣ, ҳавзҳо ва маҷмааҳои дигари варзиширо иҷозат медиҳад.

Дастрасӣ ба куҳҳои атрофи шаҳр низ дар асоси иҷозаи сарпизишк барқарор шудааст. Бекшин ҳамзамон фаъолияти муассисаҳои таҳсилотиро иҷозат додааст.

Бино ба қарори вай, дар рӯзҳои истироҳат бояд марказҳои тиҷорӣ ва тиҷориву тафреҳӣ, бозорҳо баста шаванд.

Дар Қазоқистон баъди дубора авҷ гирифтани вабои коронавирус 5 июл карантини такрорӣ эълом карданд. Мақомоти он кишвар сар аз 17 август ба сабуксозии карантин пардохтанд. Рӯзи 31 август марҳилаи нави бекорсозии маҳдудиятҳои карантин шуруъ шуд.

Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, дар кишвар 105,7 ҳазор гирифторӣ ва 1588 ҳолати марг аз вируси корона ба қайд гирифта шудааст.

XS
SM
MD
LG