Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКХ Олмон аз Русия хост таҳқиқи қазияи бемории Навалнийро суръат бахшад


Ҳейко Маас, вазири хориҷаи Олмон. Акс аз 28 август, Берлин
Ҳейко Маас, вазири хориҷаи Олмон. Акс аз 28 август, Берлин

Олмон аз Русия даъват кард, ки талошҳо барои таҳқиқи ҷузъиёти заҳролудшавии эҳтимоливу дар беморхонаи Берлин бистарӣ шудани пешвои мухолифон Алексей Навалнийро суръат бахшад. Вазири хориҷаи Олмон Ҳейко Маас рӯзи 31 август зимни сӯҳбат бо дипломатҳо дар Париж аз “абрҳои торике” ҳушдор дод, ки ба рӯи равобити Аврупову Маскав соя афканда ба гуфтааш, амнияти минтақаро таҳти хатар қарор додааст. Маас гуфт, “бешубҳа, мо умедворем, ки Русия барои рӯшанӣ андохтан ба қазияи Навалний аз ҳоло ҳам бештар талош хоҳад кард”. Навалний рӯзи 20 июл дар ҳавопаймое аз Сибир ба Маскав худро бад ҳис кард ва ҳавопаймо маҷбур шуд дар шаҳри Омск нишасте бикунад. Баъди ду рӯзи бистарӣ шудан дар беморхонаи маҳаллӣ Навалнийро ба Олмон ба интиқол доданд ва табибони беморхонаи “Шерите” баъди чанд рӯзаш гуфтанд, ки сиёсатмадори 44-солаи рус заҳролуд шудааст. Ҳоло ӯ дар ҳолати кома ё беҳушии маснӯӣ буда мавриди муолиҷа қарор гирифтааст. Тарафдорони Навалний гуфтанд, ки ӯро қасдан заҳролуд карданд ва дар пушти ин ҳодиса Кремл истодааст.

XS
SM
MD
LG