Мақомот дар Покистон гуфтанд, ки дар ҳамлаи ҷангҷӯён ба минтақаи қабиланишини Вазиристони Ҷанубӣ, ки наздик ба марзи Афғонистон аст, дастикам се сарбози покистонӣ кушта шуд. Низомиёни покистонӣ гуфтанд, ки ҳамла дар ҷараёни амалиёти ҷустуҷӯи рӯзи 30 август рух дод ва дар ин ҳодиса инчунин чор нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Вале раиси полиси ноҳия Шавкат Алӣ шумори кушташудаҳоро чор нафар гуфт. Ҳамла дар минтақаи Ладҳо рух дод. Масъулияти ҳамларо гурӯҳи мамнӯи “Таҳрики Толибон” ба ӯҳда гирифт ва иддао кард, ки дар ин ҳодиса 11 сарбоз ҷон дод.