Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон дар 4 моҳ дар мубориза бо коронавирус $4,8 млрд сарф кардааст


Як озмоишгоҳи КОВИД-19 дар Узбекистон.
Як озмоишгоҳи КОВИД-19 дар Узбекистон.

Вазири молияи Узбекистон Тимур Ишметов дар порлумон гуфт, кишвараш аз моҳи март то моҳи июли имсол дар мубориза бо коронавирус ва буҳрони иқтисодӣ 49,3 трлн сӯм ($4,8 млрд) сарф кардааст.

Ишметов ба вакилони Палатаи қонунгузори Маҷлиси олии Узбекистон иттилоъ дод, ки Бунёди зиддибуҳронӣ барои мубориза бо коронавирус 5,3 трлн сӯм (беш аз $516 млн) ҷудо кардааст.

Ба маблағи 1,6 трлн сӯм ($155 млн) ба соҳибкорон ва ширкатҳо имтиёзҳои андозиву гумрукӣ дода шудааст.

Бонкҳои тиҷорӣ барои дастгирии соҳибкорон 15,7 трлн. сӯм ($1,5 млрд) ҷудо карда, ба маблағи 24,5 трлн. сӯм ($2,3 млрд) қарз дода шудааст.

Дар шашмоҳаи аввали соли равон ҳаҷми даромади буҷа 58,2 трлн сӯм ($5,6 млрд)-ро ташкил додааст, ки ба гуфтаи вазир, назар ба ҳамин давраи муайяни соли гузашта 7,5 триллион сӯм ($730 млн) бештар аст.

XS
SM
MD
LG