Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Доналд Трамп ба шаҳре, ки сокинонаш эътироз карданд


Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико
Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Доналд Трамп, президенти ИМА тасмим дорад, ба шаҳри Кеношаи аёлати Висконсин сафар кунад. Дар ин шаҳр як ҳафта пеш Ҷейкоб Блейки 29 сола, амрикоии африқоитабор аз тири пулис кушта шуд ва ин мавҷи эътирозҳоро ба бор овард.

Кохи Сафед эълон кард, ки Трамп рӯзи 1-уми сентябр ба ин шаҳр сафар карда, бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мулоқот менамояд ва зарари расида аз ошубро таҳқиқ мекунад.

Трамп гуфтааст, ки тасмими ӯ барои фиристодани сарбозони Гвардияи миллӣ кори дуруст буд ва ин ба фурӯ нишондани хушунатҳо мусоидат кардааст.

Висконсин, як аёлати муҳим дар интихоботи моҳи ноябр аст. Трамп соли 2016 бо райъи ночизе дар ин аёлат пирӯз шуда буд.

Ҷо Байден, рақиби ӯ дар интихобот хушунатҳоро маҳкум кардааст.

Мавзуи нажодӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳасос аст. Марги Ҷорҷ Флойд, як амрикоии африқоиасл, ки рӯзи 25-уми май ҳангоми боздошт аз ҷониби пулис ба ҳалокат расид, эътирозҳоро ба бор оварда буд.

XS
SM
MD
LG