Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорат гуфт, дар Тоҷикистон 32 нафари дигар ба COVID-19 мубтало шудаанд


Вазорати тандурустӣ мегӯяд, ки дар 24 соати гузашта дар Тоҷикистон 32 мавриди нави сирояти бемории COVID-19-ро сабт кардааст. Вазорат рӯзи 28-уми август бо нашри як баёнияи расмӣ дар вебсайташ хабар дод, ки дар умум сар аз рӯзи 30-уми апрел коронавируси нав дар саросари кишвар ба 8481 нафар сироят кардааст, вале тақрибан 86 дар сади онҳо, ё 7276 кас аз чанги ин беморӣ раҳо шудаанд.

Талафот аз COVID-19 ба гуфтаи мақомот 68 нафарро ташкил медиҳад. Айни замон вазорат гуфтааст, ки 82 нафари дигар дар шифохонаҳои Тоҷикистон бо аломатҳои бемории COVID-19 зери назорати табибон қарор доранд ва муолиҷа мегиранд.

Бисёре аз мутахассисон, мегӯянд, ки омори расмии мақомот, миқёси воқеии сирояти беморӣ ва талафот дар Тоҷикистонро нишон намедиҳад ва теъдоди беморону фавтидагон бештар аз он аст, ки вазорати тандурустӣ мегӯяд. Муассисаҳои байналмилалӣ мегӯянд, заъфи мақомоти тандурустӣ дар озмоиши васеъ аз беморӣ метавонад, як сабаби кам будани омори гирифторону талафот бошад.

Дар як арзёбии тозаи муассисаҳои Созмони Милал дар Тоҷикистон омадааст, ки сирояти коронавируси нав сари ҳар 100 000 нафар бештар аз 84 нафарро ташкил медиҳад ва беморӣ аз миёни як миллион нафар 6.8 касро ҳалок кардааст. Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар баёнияи хеш аз мардум даъват кардааст, ки “дар ин лаҳзаҳои ҳассос қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоят намоянд”, то аз густариши бештари вирус пешгирӣ шавад.

XS
SM
MD
LG