Додситонҳо дар Русия рӯзи 27 август гуфтанд, ки ҳеҷ нишонаи вуҷуди ҷиноят алайҳи раҳбари мухолифин Алексей Навалнийро намебинанд ва аз табибони олмонӣ дархост карданд, ки гузоришҳои тиббии вазъи сиҳҳатии ӯро дар ихтиёри онҳо гузоранд. Фаъоли 44-солаи мухолифон ва як мунаққиди шадидлаҳни президенти Русия Владимир Путин ҳоло дар ҳолати комаи сунъӣ дар беморхонаи “Шерите”-и Берлин мебошад. Ҳафтаи гузашта ӯ ҳангоми парвоз аз шаҳри Томски Сибир ба Маскав худро бад ҳис кард ва ҳавопаймо дар Омск фуруд омада ӯро ба беморхонаи маҳаллӣ интиқол доданд. Навалний дар Сибир таҳқиқоти нави коррупсиониашро анҷом медод. Табибони олмонӣ гуфтанд, ки Навалний заҳролуд шудааст. Табибони беморхонаи Омск ин хулосаро зери суол бурданд ва Кремлин гуфт, ки табибони олмонӣ дар истифодаи вожаи “заҳролудшавӣ” шитоб мекунанд. Дар як изҳороташ додситонии кулли Русия гуфт, ки тафтиши пешакӣ нишон дод, ки “далели содир шудани ҷиноят” дар нисбати Навалний вуҷуд надорад, аз ин рӯ ҳеҷ баҳонае барои боз кардани парвандаи ҷиноӣ намемонад. Айни замон, бахши нақлиёти вазорати дохилӣ дар Сибир гуфт, ки тамоми ҷузъиёти атрофи қазияи Навалнийро мавриди таҳқиқ қарор додааст, то ки маълум шавад, ки зарурат барои боз кардани парвандаи ҷиноӣ вуҷуд дорад ё на.