Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шинзо Абе аз мақоми нахуствазири Ҷопон канор меравад


Шинзо Абе, нахуствазири Ҷопон соли 2006 дар 52-солагӣ бори аввал нахуствазир шуд ва соли 2012 дубора ба ин мақом баргашт
Шинзо Абе, нахуствазири Ҷопон соли 2006 дар 52-солагӣ бори аввал нахуствазир шуд ва соли 2012 дубора ба ин мақом баргашт

Шинзо Абе, нахуствазири Ҷопон, ки дарозмуддат дар ин мақом ифои вазифа кардааст, бо сабабҳои сиҳҳатӣ аз мақомаш канор меравад. Оҷонсии Рейтерс бо такя ба хабаргузории ҷопонии Jiji менависад, рӯзи 28 август Абе гуфтааст, “намехост бо истеъфои ногаҳонӣ мушкил эҷод кунад, вале дарди деринаи марбут ба илтиҳоби рӯда хатари бадтар кардани аҳволашро ба бор овардааст”. Қаблан овозаҳо дар бораи тасмими ногаҳонии истеъфои Абе аз мақомаш аъзои ҳизбро дар ҳайрат гузошт ва нишондодҳои бозор ҳам поин омад. Ҳанӯз маълум нест, ки оё Абе то охири мӯҳлаташ дар курсӣ боқӣ мемонад, ваё билофосила канор хоҳад рафт. Суолҳо дар бораи вазъи сиҳҳатии Абе баъди он зиёд шуд, ки дар ин охирҳо ду дафъа ба беморхона муроҷиат кард. Соли 2007, ки тоза ба мақом расида буд, Абе бо сабабҳои бад шудани саломатӣ вазифаро канор гузошт ва табибон гуфтанд, ки ӯ илтиҳоби рӯда дорад. Соли 2012 вақте баргашт, гуфт, ки бемориашро таҳти назорат нигоҳ медорад.

XS
SM
MD
LG