Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба Нурсултон Назарбоев унвони қаҳрамонӣ доданд


Муҷассамаи Нурсултон Назарбоев
Муҷассамаи Нурсултон Назарбоев

Ба президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев унвони нав – "Қаҳрамони ҷаҳони озод аз озмоишҳои ҳастаӣ" – дода шуд. Ин тасмимро дар иҷлосияи махсуси Маҷмаи умумии Созмони Милал рӯзи 26-уми август эълон карданд.

Унвони нав ба Назарбоев бо ташаббуси котиби иҷроияи Созмони паймони манъи фарогири озмоишҳои ҳастаӣ Лассина Зербо ҳамчун "рамзи эътирофи саҳми таърихии Қазоқистон зери раҳбарии Нурсултон Назарбоев дар талошҳо барои бунёди ҷаҳони бидуни ҳастаӣ" дода шудааст.

“Қарори бесобиқаи Елбаси (унвони Назарбоев) аз 29-уми августи соли 1991 дар бораи бастани размоишгоҳи ҳастаии Семипалатинск, яке аз бузургтарин размоишгоҳҳои ҷаҳон нахустин қарори манъи озмоишҳои ҳастаӣ дар таърихи инсоният буда, ҳамчунин ба ташкили Рӯзи байналмилалӣ низ сабаб шудааст", -- омадааст дар иттилоияи Вазорати умури хориҷии Қазоқистон.

Дар аввали моҳи июли имсол дар Донишгоҳи миллии дифоии шаҳри Нурсултон муҷассамаи Нурсултон Назарбоев қомат афрохт.

Дар Қазоқистон пойтахт, фурудгоҳи байналмилалии он, кӯчаҳои марказии вилоятҳо ба номи Назарбоев гузошта шудаанд. Яке аз хиёбонҳои марказии шаҳри Алмато низ номи ӯро гирифта, то ба ҳол дар ин кишвар чанд муҷассамаи Назарбоев қомат афрохтааст.

Назарбоеви 80-сола моҳи марти соли гузашта, баъди 30 соли раҳбарии Қазоқистон аз мақомаш истеъфо дод. Вақтҳои ахир ӯ дар маҳзари ом ҳозир намешавад ва 3-юми июл хабар доданд, ки вай аз коронавирус шифо ёфт.

Ӯ дар ҳоли ҳозир раиси ҳизби ҳокими “Нур Отан” ва Шӯрои амнияти Қазоқистон аст. Ҳамчунин аз унвони "Пешвои миллат" бархурдор мебошад, ки ӯро аз ҳама гуна таъқибҳо эмин нигаҳ медорад.

XS
SM
MD
LG