Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

RSF ҳукумати Тоҷикистонро барои маҳрум кардани Анӯшервон Орипов аз ҳаққи кор танқид кард


Анӯшервон Орипов
Анӯшервон Орипов

Як созмони ҳомии озодии баён дар Фаронса ҳукумати Тоҷикистонро барои тамдид накардани иҷозаи кори Анӯшервон Орипов, хабарнигори телевизиони “Настояшее Время” танқид кард.

Гузоришгарони Бидуни Марз (Reporters Without Borders) рӯзи 26-уми август бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, аз ҳаққи идомаи кор маҳрум кардани хабарнигор “сензура” аст ва дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ҳукумат бояд замонат бидиҳад, ки матбуот озодона кор кунад.

Иҷозаномаи кор ва ё аккредитатсияи Анӯшервон Орипов, хабарнигори “Настояшее Время”, бахше аз Радиои Озодӣ, рӯзи 1-уми август ба поён расид, вале Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон онро тамдид накард.

Вазорат дар авоили ин моҳ аз як гузориши телевизионии Анӯшервон Орипов изҳори норозигӣ кард, ки дар он сафарҳои раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаҳо як навъ тарғиботи пешазинтихоботӣ шумурда мешавад. Гузориши мазкур қабл аз эълони санаи интихобот нашр шуд, ки қарор аст, рӯзи 11-уми октябр сурат бигирад.

Жанна Кавелие, мудири дафтари Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар созмони Гузоришгарони Бидуни Марз гуфтааст: “Маҳрум кардан аз аккредитатсия, як усули классикии сензура кардани расонаҳои хориҷӣ аст” ва мухолифи худи қонунҳои Тоҷикистон дар бораи аккредитатсия мебошад. Жанна Кавелие истифода аз ин усулро маҳкум карда, аз мақомот хостааст, “ба ҳаққи хабарнигорон доир ба иттилоърасонӣ дар Тоҷикистон эҳтиром бигузоранд.”

Бори аввал нест, ки Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аккредитатсия ва ё иҷозаи кори хабарнигорони расонаҳои хориҷиро тамдид намекунад. Айни замон 8 хабарнигори бахши тоҷикии Радиои Озодӣ мунтазири иҷозаи кор ҳастанд ва баъзеи дигар ҳам бар хилофи қонун на барои як сол, балки муддатҳои кӯтоҳтар аккредитатсия гирифтаанд.

То кунун 4 номзад аз ҳизбҳои тарафдори ҳукумат дар Тоҷикистон номзадҳои худро ба мақоми президент пешбарӣ кардаанд.

Худи раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, ки интизор меравад, дигарбора номзадиашро аз Ҳизби ҳокими халқии демократӣ пешниҳод кунанд, то кунун дар бораи ширкат дар интихобот чизе нагуфтааст.

Ӯ аз соли 1992 раҳбари Тоҷикистон аст ва солҳои ахир барои саркӯб кардани озодии баён танқид мешавад. Дар Шохиси озодии баён дар кишварҳои ҷаҳон, ки Гузоришгарони Бидуни Марз ҳар сол нашр мекунад, Тоҷикистон дар миёни 180 кишвар имсол дар мақоми 161-ум қарор дорад.

XS
SM
MD
LG