Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси иҷозаи кор ба хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон баргашт


Масъалаи иҷозаи кор ба рӯзноманигороне, ки дар расонаҳои хориҷӣ кор мекунанд дар Тоҷикистон мавзуи баҳси доманадоре боқӣ мондааст. Коршиносон акредитатсия ва ё иҷозанома барои корро василае барои фишор ба рӯзноманигорони мустақил ва тақвияти худсензура медонанд.

Хабарнигори шабакаи телевизионии «Настояшее время» Анушервон Орифов, ахиран аз шумули рӯзноманигороне шуд, ки Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иҷозаномаи корашро тамдид накард. Сабабаш як гузориши ӯ доир ба сафари Эмомалӣ Раҳмон ба хонаи деҳқонон буд, ки коршиносон онро қисме аз корзори пешазинтихоботӣ унвон карданд. Намояндагони вазорати корҳои хориҷӣ ҳангоми суҳбат бо масъули дафтари Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон аз нашри ин гузориш изҳори норизоятӣ кардаанд.

Бори аввал нест, ки вазорат хабарнигоронро барои гузоришҳои барои мақомот нохушоянд «танбеҳ» медиҳад. Соли 2016 иҷозаномаи кори чанд хабарнигори Радиои Озодӣ, баъди нашри мақола дар бораи духтари президент Рухшонаи Раҳмон ва таъини ӯ дар вазорати мазкур бозхонд шуд. Айни замон Радиои Озодӣ мунтазири гирифтани аккредитатсия ва ё иҷозанома барои 8 кормандаш аст. Бархе аз хабарнигорони дигар барои чанд моҳ аккредитатсия гирифтаанд, ки мухолифи қонунгузориҳои Тоҷикистон аст.

«Ин шева барои таъсир гузоштан ба муҳтавои расонаҳои мустақил ба кор гирифта мешавад, вале тасмими дурусте нест. Дар кишварҳое, ки ба демократия ва озодии таааҳуд додаанд, акредитатсия аслан вуҷуд надорад. Ҳадафи аслии ин дар ихтиёр доштани контрол аст. Дар Тоҷикистон аз ин кор ба ҷуз коҳиши обрӯи кишвар дар сатҳи байналмилалӣ фоидаи дигаре нест» мегӯяд, Иршод Сулаймонӣ, узви раёсати Шӯрои воситаҳои ахбори умум дар Тоҷикистон.

Посухҳои мақомот ба сабаби худдорӣ аз додани иҷоза

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон соли гузашта дар нишасти хабарӣ дар Брюссел зимни посух ба суол дар бораи иҷозаномаи кор додан ба хабарнигорони Радиои Озодӣ масъалаи вазъи амниятиро матраҳ кард. Сироҷиддин Муҳриддин гуфт: «Шумо хеле хуб медонед, ки мо бо Афғонистон ҳаммарз ҳастем, ки аз он ҷо таҳдидҳои фаровоне мерасад. Ҳамчунин шумо медонед, ки мо дар муддати кӯтоҳи даврони истиқлол ҷанги шаҳрвандиро ҳам пушти сар гузоштем. Ҳамчунин омилҳои зиёди дигаре ҳаст, ки ба амният ва оромӣ дар кишвар таҳдид мекунанд. Аз ин рӯ, нақши расонаҳо дар кишвар бисёр муҳим аст ва рӯзноманигорону намояндагони расонаҳо бояд фаъолияти худро дар доираи қонунгузории кунунии Тоҷикистон ба роҳ монанд.»

Гузориши Анушервон Орифов дар бораи тарғиботи пешазинтихоботӣ алоқамандии хосе ба мавзуи марз бо Афғонистон ва суботу оромӣ дар дохили кишвар надорад ва як гузориши оддӣ дар бораи ҳодисаҳои сиёсӣ аст.

Дар ин росто изҳороти аъзои Конгресси Амрико ба номи президент Эмомалӣ Раҳмон дар апрели имсол қобили таваҷҷуҳ аст. Дар он омадааст: «Мо нигаронии шуморо дар мавриди инъикоси ҳодисаҳо аз сӯйи Радиои Озодӣ дарк мекунем. Дар бештари маворид пӯшиш додани рӯйдодҳо дар расонаҳои мустақил бар муроди сиёсатмадорон ва мансабдорон нест, вале ин хосияти рӯзноманигории мустақил аст.»

Моҳи октябри соли 2019 Ассосиатсияи расонаҳои мустақил ва Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон амалкарди мақомотро мухолиф ба банди 21 –и Низомнома дар бораи аккредитатсия дониста буданд, ки дар он гуфта мешавад: «Хабарнигорони хориҷӣ ҳуқуқ доранд, ки матолиби худ, маводи радиоӣ, видеоӣ ва телевизионро бидуни сензура, озодона нашр намоянд».

Дар изҳорот гуфта шуд, ки низомномаи кунунӣ дар бораи додани акредитасия ба хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон куҳна шудааст ва ба меъёрҳои қонуни куҳна дар бораи матбуот такя мекунад. Созмонҳои рӯзноманигорӣ аз мақомоти Тоҷикистон даъват кардаанд, ин санадро, ки 27-уми январи соли 1995 қабул шудааст, бознигарӣ кунанд ва онро ба уҳдадориҳои байналмилалӣ ва қонунгузории кишвар мутобиқ созанд. Вале ба ин изҳорот вокуниши расмӣ нашуд.

На танҳо дар Тоҷикистон аст

Намояндагони ҷомеаи рӯзноманигорӣ дар тамоми кишварҳои минтақа дар мавриди шаклҳои таъсиргузорӣ ба кори рӯзноманигорон суҳбат мекунанд. Дар Қирғизистон бахши қирғизии Радиои Озодӣ ҳамчун расонаи маҳаллӣ сабти ном шудааст, ки муассиси он ширкати “Радиои Озоди Аврупо/Радиои Озодӣ” ҳисоб мешавад. Барои хабарнигорони маҳаллӣ ҳангоми кор иҷозанома зарур нест, вале коршиносон мегӯянд, ки фишор ба рӯзноманигорон ба андозаи кофӣ вуҷуд дорад.

Рӯзноманигор ва бунёдгузори сайти FactCheck.kg Болот Темиров, ки январи имсол баъди як тадқиқоти рӯзноманигорӣ мавриди ҳамла қарор гирифт, мегӯяд, ки дар кишвар даъвоҳои миллионӣ алайҳи расонаҳо карда мешавад, ҳамлаҳо сурат мегирад, троллинги рӯзноманигорон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ғайраҳо вуҷуд дорад. “Соли гузашта, баъди нашри матлаб ба ҳамаи вебсайтҳои расонаҳое, ки матлабро бознашр карда буданд, ҳамлаи бесобиқа карданд. Барои наҷоти сайти худамон мо ду рӯз заҳмат кашидем”,- мегӯяд рӯзноманигор.

Ҳамчунин ба гуфтаи вай, таҷрибаи харидани ҳамаи идораи расона аз сӯи афроди сарватманд барои боздоштани матолиби барояшон нохушоянд, мушоҳида мешавад.

Соли 2017 аз Қирғизистон хабарнигори Хабаргузории Фаронса, шаҳрванди Бритониё Крис Риклтон ихроҷ карда шуд, ки ҳашт сол қонунӣ зиндагӣ мекард ва зану духтараш шаҳрвандони ин кишвар буданд. Худи ҳамон сол аз Қирғизистон бидуни ҳаққи бозгашт хабарнигори хабаргузории REGNUM Григорий Михайлов ихроҷ карда шуд. Дар Қазоқистон ҳам мушкили иҷозаномаи кори рӯзноманигорон хеле зиёд сар мезанад.

Моҳи июни соли 2019 ҳангоми интихоботи раиси ҷумҳур ба ҳафт рӯзноманигори Радиои Озодӣ аз Чехия, Русия ва Қирғизистон акрредитатсия барои инъикоси интихобот надоданд. Дар номаи расмии раҳбари мудири собиқи радио Ҷейми Флай ба вазири корҳои хориҷии Қазоқистон гуфта мешуд, ки надодани иҷоза мухолиф ба рисолати иттилоърасонӣ ба мардуми Қазоқистон аст.

Мудири Бунёди ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқии расонаӣ» Диана Акрамова мегӯяд, ки умдатан ниҳодҳои давлатӣ раванди додани акредитатсия дар остонаи рӯйдодҳо ба дарозо мекашанд. “Чунин бархӯрд бештар дар давраҳои нобасомон, ё пеш аз интихоботҳо ва ё замони эътирозҳо дар ҷомеа бештар ба назар мерасад. Дар ин вақтҳо мансабдорон корро ба дарозо мекашанд ва ба рӯзноманигорон имконияти кор карданро намедиҳанд”- мегӯяд коршинос.

Узбекистон корро осон кард, вале

Дар Узбекистон дар июни имсол бо қарори ҳукумат тартиби додани иҷозанома ба расонаҳои хориҷӣ сода карда шуд. Муҳлати қабули қарор дар бораи додани иҷозанома аз ду моҳ ба 5 рӯз кам карда шуд. Вале тавре eurasia.net менависад дар ин раванд тағйироти чашмрасе наомадааст.

Баъди интизориҳои зиёд хабарнигори Би-би-си иҷозанома гирифт, вале ба рӯзноманигори бахши узбекии Радиои Озодӣ Умед Бобоматов иҷозаи вуруд ба кишвар надоданд. Рӯзноманигор Саид Янишев мегӯяд, ки вазъ дар кишвар тағйир кардааст, вале ба беҳбудӣ ниёз дорад: “Барои мисол, ду хабарнигори хабаргузории “Фергана.ру” соли гузашта ва имсол аз вазорати умури хориҷӣ иҷозанома гирифтанд, ки мешавад, инро як навъ пирӯзӣ гуфт. Ҳарчанд дафтари худи хабаргузорӣ мисли собиқ наметавонад, иҷозаи фаъолият бигирад.

Дар кишвар мисли пештара шумораи хабарнигорони хориҷӣ хеле кам аст.” Дар Шохиси ҷаҳонии озодии матбуот, ки ҳамасола созмони «Хабарнигорони Бидуни Марз» нашр мекунад, дар миёни 180 кишвар Тоҷикистон мақоми 161, Қазоқистон 158 ва Қирғизистону Узбекистон мақомҳои 83 ва 160-умро доранд ва Туркманистон дар поёни шохис аст.

Шарҳҳоро бинед (6)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG