Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари Тува мегӯяд, COVID-19 дуввумин бор ба ӯ сироят кардааст


Шолбан Караол моҳи май ба COVID-19 гирифтор шуд.
Шолбан Караол моҳи май ба COVID-19 гирифтор шуд.

Раҳбари ҷумҳурии Туваи Русия гуфт, баъди се моҳи гирифторӣ ба COVID-19 дигарбора коронавируси нав ба ӯ сироят кардааст. Шолбан Караол рӯзи 24-уми август бо нашри як видео дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод.

Ӯ дар ин видео мегӯяд: “Бале ҳамватанон, зоҳиран ин беморӣ ду бор сироят мекунад. Бори дуввуам аст, ки бо бемории сироятӣ дар шифохона ҳастам. Боз COVID-19 аст. Бори дуввум аст, ки ба ман сироят мекунад.”

Шолбан Караол гуфт, ки ин дафъа беморӣ на ба шушҳояш, балки ба сару рагҳои хунгардаш таъсир гузоштааст. Раҳбари ҷумҳурии Тува мегӯяд, ки дарди сахти сар дорад, вале мушкилӣ нест ва бояд сиҳат шавад.

Пеш аз эълони ӯ, донишмандон дар Ҳонг Конг дар бораи сирояти дуввумбораи COVID-19 ба як мард гузориш доданд, ки чаҳор моҳ пеш аз ҳамин беморӣ халос шудааст. Вирусшиносони аврупоӣ рӯзи 25-уми август гуфтанд, ки ду мавриди сирояти дуввумбораи коронавирус дар Ҳолланд ва Белгияро сабт кардаанд.

XS
SM
MD
LG