Амрико ба Узбекистон 200 дастгоҳи нафаси сунъӣ фиристод, ки арзиши умумии онҳо 2,5 миллион долларро ташкил медиҳад. Дар ин бора сафорати ИМА дар шаҳри Тошканди Узбекистон хабар дод.
"Дастгоҳҳо дар доираи барномаи ёрии башарие ирсол шудаанд, ки ҳукумати президенти ИМА Доналд Трамп моҳи июн эълом карда буд", - хабар дод сафорат.
Дар хабар омадааст, ки дастгоҳҳоро ширкати амрикоии Zoll Medical Corporation бо назардошти низоми беҳдоштии Узбекистон сохтааст.
Қарор аст, ин дастгоҳҳоро вазорати ҳифзи тандурустии Узбекистон миёни 62 муассисаи тиббии саросари он кишвар тақсим кунад.