Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шароф Маҳмудов, раиси пешини Додгоҳи олии Тоҷикистон даргузашт


Шароф Маҳмудов. Акс аз сомонаи Иттиҳоди байнулмилалии ҳуқуқдонҳо

Шароф Маҳмудов, раиси пешини Додгоҳи олӣ ва вазири собиқи адлияи Тоҷикистон, дар 89-солагӣ даргузашт. Камол Абдуллоев, таърихнигори тоҷик ва яке аз пайвандони Шароф Маҳмудов, дар Фейсбук навишт, ки ӯ рӯзи 24-уми август аз олам чашм пӯшид. Маҳмудов соли 1931 дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд зода шуда, бахши ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Аз соли 1990 то 1994 ҳамчун раиси Додгоҳи олӣ ва аз он пештар ҳамчун муовини вазир ва вазири адлияи Тоҷикистон кор кардааст. Камол Абдуллоев менависад, ӯ аз соли 1994 бознишаста буд.

XS
SM
MD
LG