Дар корхонаи нақлиёти шаҳри Минск ду узви раёсати Шӯрои ҳамоҳангсози Белорус - Олга Ковалкова ва Сергей Дилевскоро боздошт карданд.
Ба навиштаи расонаҳо, мақомот онҳоро дар ташкили ҷамъомадҳои ғайриқонунӣ айбдор мекунанд.
Олга Ковалкова пештар аз ин дар суҳбат бо расонаҳо гуфта буд, ки ӯро дар доираи парвандаи "даъват ба ғасби ҳукумат" ба бозпурсӣ даъват доранд.
Дар Минск ва дигар шаҳрҳои Белорус ду ҳафта аст, ки гирдиҳамоии норизоиён аз натиҷаи интихоботи президентӣ идома дорад. Сокинон ба пирӯзии Александр Лукашенко, президенти амалкунандаи Белорус дар интихоботи ахири президентӣ бовар надоранд.
Аз 9 то 12 август мақомоти қудратии он кишвар гирдиҳамоии сокинонро пароканда ва наздики 7 ҳазор касро боздошт кард. Бисёре аз боздоштшудаҳо аз шиканҷа шудан шикоят карданд.