Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Тихановская бо Биган


Светлана Тихановская дар интихоботи президентии Беларус мағлуб эълон шуд, вале худи ӯ гуфт, ки натиҷаҳои интихоботро намепазирад

Раҳбари мухолифони беларус Светлана Тихановская қарор аст рӯзи 24 август дар Литва бо муовини котиби давлатии ИМА Стефан Биган роҳҳои ҳалли мусолиҳатомези баҳси атрофи натиҷаҳои интихоботи президентии Беларусро, ки боиси эътирозҳои сартосарӣ шуд, баррасӣ кунад. Ин мулоқот як рӯз баъди он баргузор мешавад, ки беш аз 100 ҳазор эътирозгар дар шаҳри Минск – пойтахти Беларус дар як раҳпаймоии серҷамъияте аз интихоби навбатии Александр Лукашенко ба мақоми президентӣ ва ҳам саркӯби бераҳмонаи эътирозгарон аз ҷониби нирӯҳои амниятӣ эътироз барпо карданд. Вазорати умури дохилии Беларус гуфт, ки дар ин ҳодисаҳо ҳеҷ як нафар боздошт нашуд. Зоҳиран мақомот аз шеваи сангини саркӯби эътирозгарон фосила мегиранд. Дар паи саркӯбҳои сангин баъди интихоботи рӯзи 9 август дар ин кишар дастикам се эътирозгар кушта ва ҳазорҳо нафар боздошт шуданд. Шоми 23 август мардум оромона ба хонаҳои худ баргаштанд. Баъди хатми тазоҳурот, тавассути шабакаи иҷтимоии Telegram наворҳои видеоие нашр шуд, ки дар он Лукашенко силоҳ ба даст ва ҷавшани низомӣ дар тан ҳангоми фуруд омадан аз чархбол дида шуд. Лукашенко ба артиш амр додааст, ки дар ҳолати омодабош қарор гирад. Рӯзи 23 август эътирозҳои азим инчунин дар шаҳрҳои дигари азими Беларус – Брест ва Ҳродно баргузор шуд.

XS
SM
MD
LG