Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагӣ ба тазоҳуроти бештар дар Белорус баъд аз изҳороти Лукашенко


Минск, 22-юми августи 2020
Минск, 22-юми августи 2020

Барои тазоҳуроти бештар дар баробари интихоби дигарбораи Александр Лукашенко дар Белорус рӯзи 23-юми август омодагӣ гирифта шудааст. Лукашенко, ки 26 сол боз дар сари қудрат аст, рӯзи шанбе бо ин иддао, ки нерӯҳои ғарбӣ дар наздикии марзҳои Белорус ҷобаҷо шудаанд, нерӯҳои мусаллаҳи ин кишварро ба ҳолати омодабош даровард. Баъд аз ин ки Лукашенко барандаи интихоботи рӯзи 9-уми август эълон шуд, ҳазорон нафар дар хиёбонҳои ин кишвар ба тазоҳурот баромаданд. Беш аз ҳафт ҳазор нафар боздошт ва садҳо кас аз сӯйи пулӣс латукӯб шудаанд. Амрико аз ин интихобот интиқод ва саркӯби норозиёнро маҳкум кардааст. Бино ба як гузориш, ҷасади ҷавонеро, ки ёздаҳ рӯз пеш ҳангоми тазоҳурот нопадид шуда буд, дар яке аз ҷангалҳо дар наздикии Минск ёфтаанд ва осори латукӯб дар баданаш будааст. Светлана Тихановская, номзади мухолифин, ки баъд аз интихобот ба Литва фирор кард, иддао дорад, ки 60-70 дарсади интихобкунандагон ба ӯ раъй дода буданд. Вай рӯзи шанбе гуфт, мардуми Белорус бояд барои ҳуқуқи худ мубориза кунанд ва иддаои Лукашенко, ки мегӯяд кишвар бо таҳдиди низомӣ рӯбарӯ аст, набояд онҳоро аз роҳ боздорад.

XS
SM
MD
LG