Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тихановская аз коргарон хост, коршиканиро идома диҳанд


Тихановская рӯзи 21-уми август бо нашри як видео ба коргарон муроҷиат кард.
Тихановская рӯзи 21-уми август бо нашри як видео ба коргарон муроҷиат кард.

Пешвои мухолифони давлат дар Беларус аз коргарони ширкатҳо ва корхонаҳои давлатӣ хост, коршиканиро идома бидиҳанд, то аз ин роҳ ба раиси ҷумҳур Александр Лукашенко фишор оваранд, ки интихоботи нав баргузор кунад.

Светлана Тихановская рӯзи 21-уми август дар як муроҷиати видеоӣ гуфт: “Агар мо якҷо бошем, ин режим дигар шансе нахоҳад дошт.” Бисёре аз корхонаҳои бузург ва муҳимтарини давлатии Беларус даҳ рӯз аст, ки кор намекунанд, чун коргаронаш ба тазоҳургароне ҳамроҳ шуданд, ки ба зидди Александр Лукашенко ва натиҷаҳои интихоботи рӯзи 9-уми август эътироз доранд.

Мақомоти интихоботӣ мегӯянд, Лукашенко дар интихобот бештар аз 80 дар сади раъйи мардумро ба даст овардааст. Светлана Тихановскаяи 37-сола, ки ба арсаи сиёсат нав ворид шудааст, баъди боздошти шавҳараш номзад ба мақоми раиси ҷумҳури Белорус шуд. Баъди эълони натиҷаҳои интихобот ба Литва фирор кард. Ӯ мегӯяд, ки дар ин корзори сиёсӣ аз 60 то 70 дар сади раъйи мардумро ба даст овард, на 10 дар саде, ки Кумиссиёни марказии интихобот мегӯяд.

Тихановская ҳамроҳ бо дигар раҳбарони мухолифон ва фаъолони сиёсӣ Шӯрои ҳамоҳангсозе барои интиқоли қудрат таъсис дод. Додситонии Беларус, рӯзи 20-август эълон кард, ки ба зидди аъзои ин шӯро бо иттиҳоми таҳдид ба амнияти миллӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Тазоҳуроти азими мардумӣ, ки баъди 9-уми август оғоз ёфт, бузургтарин эътироз дар аҳди 26 солаи раиси ҷумҳури Александр Лукашенко аст.

XS
SM
MD
LG