Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Чингиз Айдарбеков бо ҳамтои чиниаш Ван И гуфтугӯ кард. Яке аз мавзуъҳои ин гуфтугӯ қарзи давлатии Қирғизистон аз Чин буд.
"Бо назардошти таъсири бади вабои вируси корона ба иқтисоди Қирғизистон вазири корҳои хориҷӣ аз ҷониби Чин дархост кард, ки дар баргардонии қарз сабукӣ диҳанд", - омадааст дар хабари вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон.
Посухи ҷониби Чин дастрас нест.
Ин дар ҳолест, ки Сооронбой Ҷеенбеков, президенти Қирғизистон дар суҳбати телефонии рӯзи 14-уми август бо ҳамтои чиниаш Сӣ Ҷинпин айни ин дархостро карда буд.
Бино ба иттилои вазорати молияи Қирғизистон, қарзи хориҷии ин кишвар ба 4,1 миллиард доллар расидааст. Аз ин ҳисоб 43,2 дарсад ё 1 миллиарду 775 миллион доллар ба Бонки воридотиву содиротии Чин рост меояд.
Дар солҳои охир Чин чанде аз тарҳҳои бузурги энержӣ ва зерсохтории Қирғизистонро сармоягузорӣ кардааст