Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар таркише дар Сурия як генерали рус ба ҳалокат расидааст


Вячеслав Гладких
Вячеслав Гладких

Ҳангоми таркиши дастгоҳи худсохти мунфаҷира дар Сурия як генерали ҳарбии Русия ҷон бохта, ду каси дигар маҷруҳ шудаанд. Хадамоти матбуоти Вазорати дифои Русия 18-уми август ба хабарнигорон гуфтааст, ​ҳодиса дар 15-километрии шаҳри Дейр-аз-Зор рух дод. Хабаргузории ТАСС мегӯяд, ду низомии дигари рус захмӣ шудаанд. Баъзе аз расонаҳо аз шахси фавтида генерал-майор Вячеслав Гладких ном бурданд.

XS
SM
MD
LG