Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми муттаҳамон ба қатли Рафиқ Ҳаририро эълон мекунанд


Рафиқ Ҳарирӣ феврали соли 2005 дар як бомбгузории мудҳиш кушта шуд.
Рафиқ Ҳарирӣ феврали соли 2005 дар як бомбгузории мудҳиш кушта шуд.

Қарор аст, имрӯз як додгоҳи таҳти сарпарастии Созмони Милал рӯзи 18-уми август ҳукми чаҳор нафареро эълон кунад, ки дар қатли Рафиқ Ҳарирӣ, нахуствазири собиқи Лубнон муттаҳам мешаванд. Ҳарирӣ 15 сол пеш дар натиҷаи як бомбгузорӣ дар шаҳри Бейрут кушта шуд.

Муттаҳамон ба ҷиноят, ки аъзои созмони Ҳизбуллоҳ ҳастанд, дар ғайбашон дар Додгоҳи Махсуси Лубнон дар ҳошияи шаҳри Гаага дар Ҳолланд муҳокима мешуданд. Маълум нест, ки ин муттаҳамон дар куҷоянд. Рафиқ Ҳарирӣ, ки вакили мардумӣ буд, он замон бо мухолифони давлат дар порлумони Лубнон ҳампаймон буд.

Ӯ рӯзи 14-уми феврали соли 205 дар натиҷаи таркиши бомб дар назди корвони мошинҳояш кушта шуд. Дар ин бомбгузории маргталабона 21 нафари дигар кушта ва 226 каси дигар маҷруҳ шуданд. Рафиқ Ҳарирӣ, сиёсатмадори суннимазҳаб аз Сурия хост, нерӯҳояшро, ки аз соли 1976 аз замони оғози ҷанги дохилӣ дар Лубнон аз ин кишвар берун барад.

Баъди ин бомбгузорӣ ҳукумати суриягарои Лубнон аз мақомаш истеъфо дод ва Сурия ҳомии Ҳизбуллоҳ сарбозонашро аз Лубнон хориҷ кард. Ҳизбуллоҳ ва ҳукумати Сурия гуфтаанд, дар қатли Ҳарирӣ ҳеҷ нақше надоранд.

XS
SM
MD
LG